КАШФИ ТУХМИИ ГАНДУМ ДАР ШӮРООБОД
Шӯрообод, 13 август. (АМИТ "Ховар", Сулаймон Холов).- Донишкадаи зироаткории Академияи илмҳои Тоҷикистон парвариши шаш навъи тухмии гандумро дар ноҳияи Шӯрообод тавсия дод. Фарҳод Қосимов, мудири шӯъбаи тухмипарварии Донишкадаи зироаткории Академияи илмҳои кишвар мегӯяд, чаҳор сол боз бо кӯмаки Бунёди Оғохон, як созмони мададрасон дар ин ноҳияи кӯҳистонӣ олимони соҳаи кишоварзӣ 21 навъи тухми гандумро мавриди омӯзиш қарор дода буданд. Ба қавли ӯ намудҳои тавсияшудаи гандум ба шароити кӯҳистон мувофиқ буда, деҳқонон метавонанд, аз кишти онҳо ҳосили хуб ба даст оранд. Намудҳои гандуми тавсияшуда, аз гандумҳое, ки то ба ин дам мардуми маҳал кишт мекарданд бо ҳосили зиёди худ фарқ доранд. Ҳосили ин навъҳои гандум ба қавли мутахассисон нисбат ба тухмиҳои қаблан киштшуда 40 фисад ҳосили бештар медиҳанд. Мусо Холов, масъули Бунёди Оғохон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, кӯмаки онҳо дар самти зироаткорӣ барои беҳбудии кори деҳкон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудааст. Абдухолиқ Сафаров, як сокини ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, аз кишти таҷрибавии ин навъи тухмии гандумҳо ҳосили хуб ба даст овардаанд. Тавсияи кишти тухмии гандуми ба шароити маҳал мувофиқ дар Шӯрообод дар ҳолест, ки то ба ин дам деҳқонон 1 килограм гандуми тухмиро бо нархи чаҳор сомонӣ аз хориҷӣ кишвар харидорӣ менамуданд. Дар ҳоле, ки як килограм гандум дар Тоҷикистон то як сомонӣ нарх дорад. Шароити ноҳияи Шӯрообод дар ҷануби Тоҷикистон барои зироаткорӣ ва боғдорӣ мувофиқ аст. Дар ин ноҳияи кӯҳистонӣ беш аз даҳ ҳазор гектар замин, гандум ва дигар навъи зироатҳои ғалладонагӣ кишт мешавад.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






