КИТОБИ НАВ ДАР БОРАИ МИРАЛӢ МАҲМАДАЛИЕВ
Қӯрғонтеппа, 17 август. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Китоби нави нависанда Мирзо Фирӯз дар бораи қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, раиси собиқи колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ Миралӣ Маҳмадалиев ба чоп расид. Мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Саидқул Шомалангов зикр намуд, ки китоб «Раис Миралӣ» ном дошта, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти М. Маҳмадалиев нақл мекунад. М. Маҳмадалиев солҳои тӯлонӣ раиси яке аз хоҷагиҳои калонтарини вилояти Хатлон буд. С. Шомалангов афзуд, ки китоб бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов бо теъдоди 500 нусха чоп шуд. Барои чопи он 6 ҳазор сомонӣ сарф гардид.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






