«КОРВОНИ КИТОБ» БА САФАР БАРОМАД

Август 12, 2009 10:02

                  Душанбе, 12 август. (АМИТ«Ховар», Лутфия Эшонқулова). -Имрўз, «Корвони китоб», ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ба ноҳияҳои водии Рашт ба сафар баромад.                  Дар ин сафар аз тарафи «Корвони китоб» барои водии номбурда 13 316 нусха китоб ба маблағи 38 ҳазор сомонӣ расонида мешавад.                   Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулини Корвони китоб намоиши китобҳои тозанашр, ҳамчунин 12-уми август дар шаҳри Роғун ва 13-ум дар маркази ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанг ва намояндагони илму адаби ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.                  Аз рўи ин нақша моҳи июл ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 25 103 нусха китоб ба маблағи 81 ҳазор сомонӣ ройгон дастрас карда шуд.                  Бояд гуфт, ки ин ташаббуси Вазорати фарҳанг ҷиҳати иҷрои дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби Барномаи рушди китобдорӣ дар мамлакат барои солҳои 2006-2015 ташкил карда шудааст.                Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Август 12, 2009 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад