МАҲМУД ҚОДИРОВ ВАФОТ КАРД
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар»). — Яке аз ходимони машҳури соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, мутахассиси варзида ва инсони шариф Маҳмуд Қодиров хеле бармаҳал, дар синни 57 солагӣ вафот кард. Имрӯз маросими ҷанозаи марҳум баргузор гардид. Дӯстону ҳамкорон, ҳамсафон ва қарибони марҳум изҳор намуданд, ки Маҳмуд Қодиров 19 декабри соли 1952 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна, соли 1970 ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуд ва факултаи механиконидани соҳаи кишоварзии ҳамин донишкадаро соли 1975 хатм намуд. М.Қодиров солҳои фаъолияти меҳнатиаш дар вазифаҳои гуногуни масъулиятнок, аз ҷумла раиси ширкати «ИМЭКС» ва директори генералии корпоратсияи «Хима» кор кардааст. Ӯ бо Қарори ҲҶТ 28 майи соли 2008 муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






