МАҲМУД АҲМАДИНАЖОД САВГАНД ЁД МЕКУНАД
Теҳрон, 4 август. (АМИТ «Ховар» — Время.Ру.). — Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод, ки 5 август маросими савгандёдкунии президенти мамлакат Маҳмуд Аҳмадинажод баргузор мегардад. Маросими савганёдкунии президент дар бинои парлумон гузаронида мешавад. Дирӯз дар масҷиди калонтарини Теҳрон маросими тасдиқи ваколатҳои президенти мамлакат баргузор гардид. Роҳбари инқилоби исломӣ оятулло Алии Ҳоменеӣ Маҳмуд Аҳмадинажодро ба муносибати пирӯз гардиданаш дар интихоботи президент табрик намуд. Вай М.Аҳмадинажодро марди ҷасур, меҳнатдӯст ва оқил номид. Хабар дода мешавад, ки дар ин маросими ботантана рақибони М.Аҳмадинажод Мирҳусайни Мӯсавӣ, Маҳдии Корӯбӣ ва президентҳои собиқи Эрон Муҳаммади Ҳотамӣ ва Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ҳузур надоштанд. Тавре хабар дода шуда буд, баъди интихобот дар бисёр шаҳрҳои калони Эрон ошӯбу исёнҳо сар заданд. Рақибони М.Аҳмадинажод натиҷаҳои интихоботро нодуруст ҳисобиданд. Дар натиҷаи бетартибиҳо ва ошӯбу исёнҳо дар Эрон камаш 20 нафар ҳалок шуд. Сарони баъзе мамлакатҳо то ҳол ғалабаи М.Аҳмадинажодро дар интихобот эътироф накардаанд. Аз ҷумла, канслери Олмон Анҷела Меркел расман изҳор намуд, ки М.Аҳмадинажодро табрик нахоҳад кард. Вазорати корҳои хориҷии Русия даъват намуд, ки ҳамаи проблемаҳои дохилии Эрон мувофиқи Қонуни асосии мамлакат ҳаллу фасл карда шаванд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






