МАКТАБҲО ТАЪМИР МЕЁБАНД
Мӯъминобод, 7 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Таъмири мактабҳо дар ноҳияи Мӯъминобод идома дорад. Саъдулло Раҳимов мудири шӯъбаи маорифи ноҳия гуфт, ки аз 55 таълимгоҳ 32-тоаш пурра аз таъмир бароварда шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ дар таъмири мактабҳо хоҷагии Тебалай роҳбараш Абдулҳафиз Қурбонов, муассисаи давлатии роҳсозии ноҳия роҳбараш Темур Ҳаётов, ибрат нишон медиҳанд. Гуфта мешавад, ки дар як вақт бо сӯзишворӣ таъмин кардани мактабҳо рафта истодааст.