МАМЛАКАТҲОИ ҶАНУБИ ОСИЁРО ТӮФОНҲОИ БАҲРӢ ФАРО МЕГИРАНД

Август 11, 2009 10:41

                    Токио, 11 август. (АМИТ «Ховар» — ЛТВ. ру ). — Рӯзҳои охир бисёр мамлакатҳои шарқӣ ва ҷанубии қитъаи Осиёро тӯфонҳои шадиди баҳрӣ фаро гирифтанд. Дар натиҷаи тӯфонҳои мазкур боришҳои тӯлонӣ, обхезӣ, шамоли сахт ва ярч фуромада, ба иқтисодиёти мамлакатҳои ҷанубу шарқии Осиё зарари калон мерасонанд. Аз рӯи хабарҳои расида, айни ҳол дар қисмати шарқӣ ва ҷанубии Осиё ду тӯфони калони баҳрӣ бо номҳои «Этау» ва «Моракот» ба қайд гирифта шудаанд.                     Хабар дода мешавад, ки дар маҳалҳои маскунии наздисоҳилии Ҷопон аллакай 9 нафар қурбони тӯфони баҳрии «Этау» гардид. Дар вилоятҳои ғарбии мамлакат садҳо хонаи истиқоматӣ ба маънои томаш хароб шуд. Ҳаракати нақлиёт қатъ карда шуд. Дар натиҷаи тӯфонҳои баҳрӣ, вазидани шамоли сахт ва боридани борон шароити зиндагии минтақаҳои шарқии наздисоҳилии Чин ҳам хеле душвор гардидааст. Дар ин ҷо низ садҳо бинои истиқоматиро об шуста бурд. Тӯфони баҳрӣ хусусан ба ҷазираи Тайван зарари калон расонд. Тӯфони «Моракот» айни ҳол ба самти шимол ҳаракат карда, рӯзҳои наздик шаҳри Шанхайро фаро хоҳад гирифт. Суръати ҳаракати он дар як соат 120 километр мебошад.                     Шабонарӯзи гузашта бар асари фалокат дар ҷазираи Тайван 7 нафар ҳалок гардид, дар ин ҷо бештар аз 500 ҳазор бино хароб шуд. Мақомоти Чин шабонарӯзи гузашта аз маҳалли фалокат қариб 950 ҳазор нафарро ба ҷои бехатар кӯчонданд. Бо вуҷуди ин қариб 5 миллион сокини деҳот дар минтақаи тӯфон боқӣ мондааст. Мақомоти мамлакат қисмҳои ҳарбиро ба расондани кӯмак ба аҳолии маҳаллӣ сафарбар менамоянд. Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 11, 2009 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа