МИҚДОРИ ХУДКУШӢ МЕАФЗОЯД

Август 31, 2009 09:21

                Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки рӯзҳои истироҳат дар мамлакат ду ҳодисаи худкушии одамон ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, сокини 16 — солаи ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон, талабаи синфи 9 — ум Ҳофиз Ёрмаҳмадов худро дар хонааш овехта, ба ҳалокат расонд. Мақомоти дахлдор сабаби худкушии ӯро тафтиш менамоянд.                Инчунин сокини ҷамоати Қамишкори ноҳияи Ашт Зайниддин Абдуллоев, ки бемории руҳӣ дошт, ба ҷони худ сӯиқасд карда, ҳалок гардид.                 Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки дар давоми як ҳафтаи охир дар мамлакат 5 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.                  Худкушии одамон дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ба проблемаи ҷиддии иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Ба ақидаи баъзе муҳаққиқон, маълумоти омори расмӣ миқдори аниқи ҳодисаҳои худкуширо аниқ инъикос намекунад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар Тоҷикистон танҳо 7 фоиз шахсони вафоткарда ё ҳалокгардида ҳадафи таҳқиқоти тиббӣ қарор дода, сабаби марги онҳо муайян карда мешавад. Дар бисёр мавридҳо падару модарон ва хешу таборони шахсони ҳалокгардида ба таҳкиқи тиббии шахсони вафоткарда иҷозат намедиҳанд, дар натиҷа миқдори аниқи ҳодисаҳои худкушӣ муайян карда намешавад.                 Аз рӯи маълумоти омор, бештар аз нисфи ҳодисаҳои худкушӣ ба мардони аз 18 то 50 — сола рост меояд, солҳои охир ҳодисаҳои худкушии бачагон низ ба қайд гирифта мешавад.                 Ба қавли коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон сабаби асосии худкушии одамон бекории оммавӣ мебошад. Зеро бекорӣ пеш аз ҳама сабаби қашшоқӣ ва баъдан ба ҳар гуна ҷиноят даст задани одамон мегардад.                                                                                                              Тарҷумон — Қудратов А.   

Август 31, 2009 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид