МЛТ МИНБАЪД «ШАБАКАҲОИ МУТАҲАРРИКИ ТОҶИКИСТОН» МЕШАВАД
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ширкати машҳури «ТТ — Мобайл» эълон кардааст, ки барои тағйири рамзи тиҷоратии «МЛТ — яш» ба «Мегафон — Тоҷикистон» ва номи расмиаш ба «Шабакаҳои мутаҳаррики Тоҷикистон» омодагӣ мегирад. Ба гуфти директори генералии ширкати «ТТ — Мобайл» Гулаҳмад Қаюмов, мақсад аз тағйири рамзи тиҷоратӣ пеш аз ҳама зиёд намудани даромаднокии ширкат мебошад.-Вақте сатҳи даромадҳои ширкат афзуд, сатҳи андозсупорӣ низ меафзояд. Андоз бошад, ин пеш аз ҳама, нафақаву идрорпулӣ ва маош барои кормандони соҳаи буҷавӣ мебошад, — мегӯяд директори ширкат Гулаҳмад Қаюмов. Ба гуфти ҳамин манбаъ, ин амал аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ низ дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






