МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ СПИД ВА СИЛ

Август 28, 2009 09:03

                    Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Аз 24 то 26 августи соли равон дар осоишгоҳи Оқмарали шаҳри Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон конфронси нахустини илмии духтурони Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Роҳу усулҳои пешгирӣ ва табобати бемориҳои ВИЧ/СПИД ва сил» баргузор гардид. Ташкилкунандагони конфронс созмони ғайриҳукуматии башардӯстонаи Голландия, муассисаи пешгирии бемориҳои хавфноки СММ ва раёсати минтақавии назорати маводи нашъадор ва ҷинояти СММ дар Осиёи Марказӣ мебошанд.                    Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои тиббии ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналхалқию ғайриҳукуматӣ ва олимон ширкат варзиданд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар конфронси мазкур намояндаи Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид. Тарҷумон — Қудратов А.  

Август 28, 2009 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад