МУЛОҚОТИ МУФИД
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). — 20 август дар бинои намояндагии Муассисаи рушди СММ дар шаҳри Душанбе мулоқоти намояндагони созмони «Принсипал Групп» таҳти раёсати Сафири ҶФО дар Тоҷикистон бону Дорис Гертрампф бо сафирон ва намояндагони сафоратхонаҳои Британияи Кабир, Чин, Ҳиндустон, Русия ва роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ баргузор гардид. Дар ин мулоқот директори Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ Рустам Назаров низ иштирок дошт. Вай ба ҳозирон дар бораи вазъи паҳн гардидани маводи нашъадор дар Тоҷикистон ва минтақа, тадбирҳои ҳукумати мамлакат дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, кам кардани истеъмоли онҳо, фаъолияти агентӣ ва мақомоти дигари муҳофизи қонуну тартибот дар мубориза ба муқобили маводи нашъадор маълумот дода, иштирокчиёни маҷлисро даъват кард, ки барои иҷрои барномаҳои тақвияти мубориза ба муқобили маводи нашъадор тадбирҳои иловагӣ андешанд. Р.Назаров баъдан ба саволҳои иштирокчиёни мулоқот дар бораи ҳамкории Тоҷикистон бо мамлакатҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза ба муқобили маводи нашъадор, рафти амалиёти «Кӯкнор — 2009» ва ғайра ҷавоб дод. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






