МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ФАРҲАНГИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). — Имрӯз дар Душанбе маҷлиси 24 — уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии давлатҳои ИДМ кушода шуд. Дар он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Абулфайз Мурсал ӯғли Қароев (раиси Шӯро), вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг ва туризми Молдавия Михаил Барбулат, муовини вазири фарҳангу иттилооти Белорусия Виктор Кураш, муовини вазири фарҳанги Русия Александр Голутва ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доранд. Иштирокчиёни маҷлис лоиҳаи барномаи ҳамкории давлатҳои ИДМ — ро дар соҳаи фарҳанг ва иҷрои нақшаи тадбирҳои афзалиятноки ҳамкории гуманитариро барои солҳои 2009 — 2010 муҳокима мекунанд. Инчунин ҷараёни таҳияи қонунҳо «Дар бораи фарҳанг» дар мамлакатҳои ИДМ ва пешниҳодоти гурӯҳи корӣ марбут ба омӯзиш ва таҳлили қиёсии таъминоти қонунии ҳамкории фарҳангии давлатҳои ИДМ ва ғайра муҳокима карда хоҳанд шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз инчунин дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти машваратии вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия баргузор мегардад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






