МУРОФИАИ СУДИИ ОДАМФУРӮШОН

Август 14, 2009 11:06

                  Маскав, 14 август. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру). — 13 август дар Суди ҳарбии округи Маскав мурофиаи гурӯҳи калони одамфурӯшон оғоз ёфт. Дар ин ҷо панҷ шаҳрванди Молдавия, 2 шаҳрванди Исроил ва шаш нафар шаҳрванди Русия ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Гунаҳкори асосӣ дар бобати рабудан ва дар мамлакатҳои хориҷӣ фурӯхтани 130 нафар зану духтар полковники раёсати умумии разведкаи Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия Дмитрий Стриканов мебошад. Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки маҳз ҳамин шахс ташкилкунандаи гурӯҳи ҷиноӣ ба шумор меравад. Аъзои гурӯҳ занону духтарони мамлакатҳои ИДМ — Молдавия, Русия, Украина ва Ӯзбекистонро бо роҳи фиреб ва қаллобӣ ба мамлакатҳои Аврупо ва Шарқи наздик бурда, баъд онҳоро ба танфурӯшӣ ва фоҳишагарӣ маҷбур кардаанд. Ҷинояткорон ба занону духтарон ваъда доданд, ки онҳоро дар хориҷа бо кори сердаромад таъмин хоҳанд кард.                 Фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар Исроил, Италия, Олмон, Юнон, Голландия ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб қариб 8 сол давом кард. Хадамоти махсуси якчанд мамлакат моҳи майи соли гузашта ҳамроҳи Хадамоти федералии амнияти Русия ва Политсияи байналмилалӣ ҷинояткоронро фош карда, аъзои гурӯҳи ҷиноиро дастгир намуданд.  

Август 14, 2009 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд