НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ҲАЁТИ ҶАВОНОН

Август 17, 2009 11:50

                   Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бахшида ба 15 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи кориро таҳия намуд. Тибқи он дар тамоми муассисаҳои таълимию қисмҳои низомӣ ва он ҷойҳое, ки ҷавонон фаъолият доранд чорабиниҳои гуногунро баргузор менамояд.                   Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири бахши тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва кор бо толибилмони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Абдураҳмон Хонов иттилоъ дод, чорабиниҳои мазкур аз 25 август то охири моҳи ноябри соли равон дар марказҳои фарҳангии ҷовонони Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар ҳаёти ҷавонон» баргузор мегарданд.                    Инчунин, ӯ қайд намуд, ки «мо аллакай аз ҳисоби олимону донишмандон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ як гурӯҳи таблиғоти таъсис додем, ки ин чорабиниҳоро амали месозанд.                    Ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани ин чорабиниҳо пеш аз ҳама ин баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷавонон, маърифати ҳуқуқии онҳо, ҳамчунин ба ҷавонон фаҳмондани мазмуну моҳияти давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мебошад». 

Август 17, 2009 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид