НАХУСТНАМОИШИ ОПЕРАИ «АИДА»

Август 28, 2009 14:49

                     Душанбе, 28 август (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 29 август ва 1 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ нахустнамоиши операи Ҷузеппе Верди бо номи «Аида» иборат аз чор намоиш баргузор мегардад.                      Намоишномаро ҳунарпешагони тоҷик дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони Қазоқистон ва Италия ба саҳна гузоштаанд. Роҳбари бадеӣ ва сардирижёри итолиявӣ — Ҷерардо Колелла буда, нақшҳои шоҳи Мисрро ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон — М. Исмоилов, Амнерис (духтари шоҳ) — ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Қазоқистон С. Ишанова ва канизак-Аидаро лауреати озмунҳои байналхалқӣ Р. Вальтер иҷро мекунанд. Бояд ёдрас шуд, ки опера бо супориши шоҳи Миср ба муносибати кушодашавии Канали калони Суэтс эҷод шуда, аввалин маротиба 24-уми декабри соли 1871 дар Қоҳира баргузор гардидааст.                     Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.   

Август 28, 2009 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад