НОМАИ ВАЛДИС ЗАТЛЕРС БА ҚОҲИР РАСУЛЗОДА
Хуҷанд, 11 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс бо ирсоли як нома ба унвони Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба мардуми меҳмондӯсти Суғд барои қабули ҳайати ин ҷумҳурӣ, ки санаи 12-июл меҳмони суғдиён буданд, миннатдории бепоёни худро изҳор доштааст. Дар ин нома аз ҷумла омадааст, ки аз боздиди литсейи Президентӣ дар шаҳри Чкаловск, осорхонаи кишваршиносӣ, масҷиди ҷомеи Шайх Маслиҳатдин ва шиносоӣ бо фаъолияти бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоят дар хотироти Валдис Затлер таассуроти нек боқӣ гузоштаанд. Валдис Затлерс менависад: «бовар дорам, ки сафари ҳайати кории Ҷумҳурии Латвия ба вилояти Суғд барои рушди ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳо мусоидат хоҳад намуд». Ёдрас мешавем, ки дар ҷараёни нахустин сафари давлатиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 12-июли соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ба вилояти Суғд ташриф оварда буд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






