НУР АЗ ДУР НАМОЁН АСТ…
Ширкати «Барқи тоҷик»: ҷамъбасти нимсола чиро нишон дод? Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ба касе пинҳон нест, ки ширкати «Барқи тоҷик» имрўзҳо бо душвориҳои зиёди молиявӣ рў ба рўст ва ин душвориҳо наметавонанд ба беҳбудии сатҳи таъминоти иқтисодиёт ва аҳолии кишвар бо барқи хушсифат ва дар маҷмўъ, фаъолияти ширкат таъсири манфӣ нарасонанд. Бино ба гуфти сардори умури матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ, ин далел низ мусаллам аст, ки ин душвориҳои табиӣ ва сунъии солҳои дароз боз болои ҳам замшударо хеле душвор аст дар панҷ-шаш моҳ яку якбора барҳам зад. Бо вуҷуди ин, зимни ҷамъбасти шашмоҳа маълум гардид, ки амалӣ намудани дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи роҳбарияти ШСХК «Барқи тоҷик» моро эътимод мебахшад, ки ба ояндаи неки соҳа, яъне пушти сар шудани ин душвориву мушкилот, метавонем умед бандем. Тавре мегўянд, нур аз дур, аз охири нақб, алаккай намоён аст… Барои исботи ин фикр чанд фактро таҳлил мекунем…Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ширкат 5 миллиарду 906 миллион киловатт.соат нерўи барқ истеҳсол кард. Дуруст аст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 676 миллион киловатт.соат кам аст, вале сабаби табиии ин фарқиятро низ мебояд ба назар гирифт. Аввалаш, дар семоҳаи аввал бо сабаби он ки дар охири зимистону аввали баҳор захираи обанбори Норак пурра масраф гашта буд, имкони истеҳсоли нерўи барқ вуҷуд надошт. Баъдан, вақте имконият пайдо шуд, талабот кам гардид. Дар семоҳаи дуюм бо сабаби бӯҳрони молиявӣ, кам шудани талабот бо алюминий КВД «Талко» 410 миллион киловатт.соат ва бо сабаби боришоти зиёд эҳтиёҷ пайдо нашудан ба истифодаи насосҳо корхонаҳои тобеи Вазорати мелиоратсия ва захираи оби ҷумҳурӣ 168, 5 миллион киловатт.соат кам нерўи барқ гирифтанд. Дар маҷмўъ, ин аз ҳаҷми умумии қувваи барқи истеҳсолнашуда 578 миллион киловатт.соатро ташкил медиҳад. Дигар ҷанбаи ин масъала низ вуҷуд дорад: ҳарчанд дар ин давра истеҳсоли барқ кам гардида бошад ҳам, маҳз дар заминаи иҷроиши супоришҳои Сарвари давлат дар бобати кам кардани тамоми намуди хароҷоти истеҳсолӣ, пурзўр намудани истеҳсол, интиқол ва фурўши барқ, зери назорати қатъӣ гирифтани тақсимоти воситаҳои моддӣ ва амалҳои молиявӣ ҳаҷми талафот ва хароҷоти технологии нерўи барқ кам гардида, дар шаш моҳ ба истифодабарандагон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта интиқоли барқи фоиданок 41 миллион киловатт.соат зиёд гардида, дар маҷмўъ 5760,4 миллион киловатт.соатро ташкил дод. Агар инро ба таври дигар шарҳ диҳем, маблағи ҳисобишудаи нерўи барқи ба истифодабарандагон таҳвилшуда 366,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба шаш моҳи соли гузашта, 125,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Яъне, барқ кам истеҳсол шуда бошад ҳам, фоидаи он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52,1 фоиз зиёд шуд. Аз ин агар 27 фоиз, ё ин ки ба маблағи 64,3 миллион аз ҳисоби афзоиши тарифи миёнаи қувваи барқ бошад, 25 фоиз ё худ, 61,2 миллионаш аз ҳисоби ба низом даровардани кори фурўши барқ мебошад. Дар нимсола 286,6 миллион сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 77 миллион зиёд аст. Кам шудани талафот ва хароҷоти технологии нерўи барқ низ ба зиёд шудани ҳаҷми манфиат аз фурўши барқ мусоидат намуд. Дар шаш моҳи сипаришуда хароҷоти технологии барқ 997,0 миллион киловатт.соатро (10,86 фоизро) ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 368,6 миллион киловатт.соат кам буда, манфиаташ 23,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ёддовар мешавем, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам 1 366 миллион киловат.соат (13,9 фоиз)-ро ташкил медод. Ҳаҷми талафот ва хароҷоти нерўи барқ дар хатҳои магистралӣ 4,5 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 фоиз, ё ба қадри 349 миллион киловатт.соат камтар аст. Ба мақсади ба низом даровардани механизми роҳбарии сохтор идораҳои фурўши барқ ба сохтори шабакаҳои барқӣ ворид гардонида шуд, ки мақсад аз он барҳам задани омилҳои корупсионӣ дар соҳаи ҷамъоварии маблағи фурўши барқ ва муттаҳид намудани тамоми воситаву имкониятҳо барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани барқи интиқолшуда аст. Мавриди таъкид аст, ки аксарияти кулли кормандони собиқ идораҳои фурўши барқ дар сохтори шабакаҳои барқӣ ба кор таъмин шуданд, ба истиснои нозироне, ки дасту дили пок надоштанд ва баъзеҳо бо маълумоти олии касбу кори гуногун бо мақсадҳои маълум ба ҳайси нозири оддӣ дар система кор мекарданд. Дуруст будани ин тадбир аллакай исбот шуд. Масалан, дар моҳи июн на танҳо маблағи барқи интиқолшуда ба миқдори 77 миллион сомонӣ пурра ҷамъоварӣ гардид, балки боз, аз ҳисоби қарзҳои солҳои пеш, 4,9 миллион сомонӣ зиёд маблағ ҷамъоварӣ шуд. Аз дигар тараф, ин якҷоясозӣ боиси кам намудани хароҷоти молиявии нигоҳдории идораҳои фурўши барқ гардид. Аз ин ҳисоб дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 10,2 миллион сомонӣ маблағ сарфа гардид. Сарфакорӣ дар ин давра дастури амали фаъолияти ширкат буд. Масалан, дар ин муддат барои идораву харидорӣ ҳамагӣ 86 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот намудааст, ки ин баробари 52 фоизи хароҷоти ҳамин давраи соли гузашта аст. Барои муқоиса, дар шаш моҳи соли гузашта ба ин мақсад 160 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот карда шуда буд. Барои хариди сўзишворӣ бошад, агар дар шаш моҳи соли гузашта ба қадри 3557,1 ҳазор сомонӣ (1128,4 ҳазор литр) маблағ сарф шуда бошад, имсол дар ин давра, бо вуҷуди гарон шудани нархи сўзишворӣ, 1378 ҳазор сомонӣ (561,9 ҳазор литр) маблағ сарф шуд. Бо мақсади боз ҳам кам намудани ҳаҷми талафоти нерўи барқ ва дуруст ба роҳ мондани ҳисобу китоби нерўи барқ ширкати «Барқи тоҷик» дар доираи лоиҳаи «Кам кардани талафоти нерў» бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонии рушд ва гранти давлати Швейтсария дар шаҳри Душанбе ҳисобкунакҳои индуксиониро бо ҳисобкунакҳои электронӣ иваз намуда истодааст. Дар шаш моҳи сипаришуда 45 175 адад ин гуна ҳисобкунакҳо насб карда шуданд. Барои муқоиса, аз ибтидои амали ин лоиҳа, аз моҳи апрел то декабри соли 2008, ҳамагӣ 7 945 ҳисобкунакҳо иваз карда шуда буданд. Ҳоло ҳар рўз дар шаҳри Душанбе то 500 адад ҳисобкунакҳо иваз шуда, ҳисобкунакҳои куҳна таъмир ва аз ташхис гузаронида шуда, боз мавриди истифода қарор мегиранд. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки дар ин муддат ширкат қарзҳои худро дар назди ҶСК «Ориёнбонк» ба миқдори 79,2 миллион сомонӣ, барои ҳаққи нерўи барқи аз НБО-и «Сангтуда-1» интиқол дода шуда ба миқдори 18 миллион сомонӣ, маблағгузории корҳои сохтмонии НБО-и «Сангтуда-2» ба миқдори 20 миллион сомонӣ, маблағгузории таҷдиди агрегати 3-и НБО-и Норак ба маблағи 24,6 миллион сомонӣ, пардохти андозу суғурта ба миқдори 22 миллион сомонӣ, қарзи «Тоҷикгаз» ба миқдори 3,3 миллион сомонӣ, пардохти қарзи ширкати «Туркменэнерго» 1,6 миллион сомонӣ маблағгузории корҳои сохтмони асосӣ ва иншооти энергетикӣ ба миқдори 24 миллион сомонӣ пардохт намояд. Бояд қайд намуд, ки раҳо шудан аз душвориҳои иқтисодӣ барои ширкати «Барқи тоҷик» аз бисёр ҷиҳат вобаста аст ба пардохти ҳаққи барқ. Тавре аз рўи маълумоти пешакӣ муайян шудааст, то 1 июли соли 2009 қарзи дебитории истифодабарандагон 81,4 миллион сомониро ва қарзи умумӣ 372,5 миллион сомониро ташкил медиҳанд. Барқ маҳсулот аст, маҳсулоте, ки истифодабарандаи он бояд ҳаққашро пардохт намояд. Аз ҷониби як қатор корхонаҳо мутассил пардохт нагардидани ҳаққи барқ албатта ба фаъолияти истеҳолии ширкат ва дар маҷмўъ таъминоти кишвар бо барқ таъсири номатлуб мерасонад. Бо сабабҳои мухталиф то ин дам корхонаҳои азими истифодабарандагони барқ, аз ҷумла Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарзи умумияш 110,7 миллион сомонӣ), КВД «Талко» (қарзи умумияш 97,9 миллион сомонӣ), Вазорати кишоварзӣ (қарзи умумияш 20,3 миллион сомонӣ), КМ «Тоҷиказот» (қарзи умумияш 8,2 миллион сомонӣ) ба шумори қарздорони калон ба шумор мераванд. Ширкати «Барқи тоҷик» вобаста ба хусусияти истеҳсолияшон ва дараҷаи воридоти зарари истеҳсолӣ ба ин корхонаҳо ва тамоми ҷомеа наметавонад, ки ҳамчун муҷозот интиқоли барқро қатъ намояд. Онҳо бошанд, аз ин вазъият истифода бурда, ҳарчанд, ки барқ воситаи муҳимтарини истеҳсолоташон ба шумор меравад, ба пардохтани ҳаққи он эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Дар навбати худ, маблағи муайяншудаи маҳсулоти худро нагирифтан ба стеҳсоли маҳсулот, такмилу пешрафти соҳа, сохтмони иншооти нав — хулоса ба қадри даркорӣ барқи хушсифат истеҳсол ва саноату аҳолиро бо он таъмин намуданро хеле душвор месозад. Ҳамин тариқ, то 1 июли соли 2009 корхонаву муассисаҳо ва аҳолии ҷумҳурӣ аз ШСХК «Барқи тоҷик» зиёда аз 372 миллион сомонӣ қарздоранд. Аз ҷумла, дар вақташ пардохт нагаштани ҳаққи қувваи барқ боиси он гардидааст, ки ширкат имкон намеёбад андози буҷаи давлатро пурра пардохт намояд. Дар ҳолатҳои ҳассос, махсусан дар овони тирамоҳу зимистон, ки норасоии барқ дар тамоми ҷумҳурӣ эҳсос мегардад, Ширкати «Барқи тоҷик» ба хотири таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо барқ баръакси манфиати худ Маркази барқу гармидиҳиро фаъол менамояд. Барои мисол, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зарари молиявии маркази номбурда 93,6 миллион сомониро ташкил дод. Дар ширкат бовар доранд, ки тибқи муроҷиат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ пўшонидани зарари молиявии МБГ-и шаҳри Душанбе ҳал хоҳад шуд. Бобати беҳбудӣ бахшидан ба вазъи молиявии ширкат ва беҳтар намудани хизматрасониву таъминот бо барқ як қатор тадбирҳо амалӣ мегарданд. Ширкати «Барқи тоҷик» имкони дар фасли гармо интиқол додани зиёда аз ду миллиард киловатт. соат нерўи барқро дорад. Дар бобати ба Ҷумҳурии Ўзбекистон интиқол додани 450 миллион киловатт. соат шартнома ба имзо расидааст. То ин дам ҳаҷми содироти нерўи барқ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 20,9 миллион киловатт.соат, ба Ҷумҳурии Қазоқистон 106,0 миллион киловатт.соат, ба Ҷумҳурии Ўзбекистон 87,0 миллион киловатт.соат ва ба Ҷумҳурии Қирғизистон 22,2 миллион киловатт.соатро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Қазоқистон бобати аз кишвари мо харидорӣ намудани 1,5 миллиард киловат.соат нерўи барқ бо нархи ҳар киловаташ 1,6 сент мароқ зоҳир кардааст. Амалӣ шудани ин тадбир вазъи молиявӣ-иқтисодии ширкатро хеле беҳтар хоҳад намуд. Дигар тадбири муҳим дар партави Паёми Президенти кишвар сарфакорона истифода бурдани нерўи барқ аст. Як рукни ин истифодаи лампаҳои каммасраф мебошанд, ки алаккай натиҷаҳои нахустини худро нишон дода истодааст. Барои мисол, то ин дам дар ҷумҳурӣ як миллиону ҳаштоду чор лампаҳои каммасраф мавриди истифода қарор дода шудаанд ва имрўзҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, истифодаи барқ аз тарафи аҳолӣ рўзе то 2-2,5 миллион киловатт.соат кам мегардад. Воқеан, сарфакорона истифода бурдани нерў махсусан дар давраи гармо, ки барқ дар мо фаровон аст, ба ширкати «Барқи тоҷик» ягон манфиати молиявӣ надорад. Фақат ба хотири бехатарии энергетикии кишвар, таъминот бо барқи хушсифат ва манфиати бештари худи онҳо ҳамаи муштариёни барқро бори дигар даъват менамояд, ки ҳарчи тезтар ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаранд. Ба ғайр аз ин, ширкат аз истифодаи лампаҳои каммасраф ба он хотир манфиатдор мебошад, ки сарбории иншооти энергетикӣ ва, вобаста бар он, садамаҳо кам мегарданд. Аз ин рў, ширкати «Барқи тоҷик» таблиғи риояи фарҳанги энергетикӣ, яъне ба нерўи барқ сарфакорона муносибат намудан, ба омма фаҳмондани ҳикматеро, ки барқ маҳсулот асту он ройгон истеҳсол намешавад, касе аз ин маҳсулот истифода барад, бояд ҳаққи онро супорад — ба як рукни муҳими фаъолияти худ табдил додааст. Баъди ба самъи омма расидани Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷўёнаи энергия» Ширкат таҳти унвонҳои «Сарфакорӣ — масъулияти бузург» ва «Лампаҳои каммасраф: афзалият ва манфиат» дастурҳои тарғиботиро бо теъдоди умумии 16 ҳазор нусха чоп ва ройгон паҳн намуд. Инчунин, бо супориши ширкат имрўзҳо дастуре бобати истифодаи сарфакоронаи барқ таҳия шуда истодааст, ки он ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ тавсия мегардад. Мутахассисони ширкат дар тамоми шабакаҳои телевизони ҷумҳуриявӣ, телевизионҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Исфара сўҳбату вохўриҳо ташкил намуданд. …Ҳамин тариқ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ як давраи хеле муҳими ибтидои воридоти дигаргуниҳо ва такмили кору фаъолият дар ширкат буд. Такрор мекунем, аз лиҳози иқтисодӣ ва истифодаи ҳар имконияте, ки мавҷуд аст, он аввалин нишонаҳои худро ҳувайдо менамояд. Ва ба ҳамин маънӣ як умеде дар дилҳо фурўзон гашт, як нуре аз дур намоён шуд.