ОМӮЗИШИ КАДРҲО ДАР БАДАХШОН
Бадахшон, 21 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар шаҳри Хоруғ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои кормандони ҷамоатҳои деҳоти навоҳии вилоят, хадамоти кадрии Раёсати хизмати давлатӣ ва кумитаҳои вилоятӣ оғоз ёфт. Сардори шӯъбаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурӣ дар ВМКБ Садбарг Холиқназарова иттилоъ дод, ки тибқи нақшаи кори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ аз 18-уми август семинар шурӯъ шуда, рӯзи 23-юм анҷом меёбад. Мавзӯъҳое, ки мавриди баррасӣ қарор мегиранд, барои ҳар як корманди мақомоти маҳаллӣ хеле зарур ва муҳим мебошанд. Имрӯз дар назди хонандагони курсҳо директори маркази тадқиқоти идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ Искандаров Қ. дар мавзӯъҳои «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Зиндагинома ва афкори давлатию ҳуқуқии Имоми Аъзам» маърӯза кард ва ба суолҳои иштирокдорони семинар посух дод. Ҳамчунин мудири кафедраи захираҳои инсонии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии ҷумҳурӣ Гавҳар Шарофова оид ба аттестатсия, озмуну омилҳои асосии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ва устоди Донишкада Ҳалима Давлатшоева дар бораи ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ, баҳисобгирӣ ва кор бо кадрҳо дар мақомоти худидораи маҳаллӣ суханронӣ карданд. Баъди анҷоми семинар ба хонандагони курсҳо шаҳодатномаҳо тақдим карда мешаванд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






