ОЗМУНИ КИТОБХОНАҲО

Август 8, 2009 11:28

                 Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба муносибати 15 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни китобхонаҳои мамлакат барои ба даст овардани унвони «Чароғи ҳидоят» озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо гузаронида мешавад. Даври аввали он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардида, 20 сентябр ба охир мерасад. Дар даври дуюми озмун китобхонаҳои дар даври аввал ғолибомада ширкат меварзанд. Натиҷаҳои озмун 6 ноябр дар Рӯзи таҷлили қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ ҷамъбаст карда мешаванд. Шарти асосии озмун то ҳадди имкон зиёд кардани миқдори хонандагон ва ҳамкории китобхонаҳо бо хонандагонашон мебошад.                 Ташкилкунандагони озмун барои китобхонаҳое, ки се ҷои аввалро ишғол мекунанд, мукофотҳои пулӣ муқаррар намудаанд. Аз ҷумла, ба ғолиби ҷои аввалро ишғолнамуда 2500 сомонӣ, ҷои дуюм 1500 сомонӣ ва ҷои сеюм 1000 сомонӣ мукофот дода мешавад.                                                                                                            Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 8, 2009 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд