ПӯЛОД ТОЛИС 80-СОЛА ШУД

Август 24, 2009 15:42

                   Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Имрӯз, 24 август нависандаи машҳури тоҷик Пӯлод Толис 80-сола мешавад. Бахшида ба ин сана моҳи октябр дар зодгоҳи ӯ шаҳри Хуҷанд чорабинии калони фарҳангӣ баргузор хоҳад гардид. Муовини аввали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Душанбе низ гузаронидани шаби эчодӣ, бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Пӯлод Толис дар назар аст.                   Пӯлод Толис муаллифи як қатор китобҳо аз қабили «Чароғҳо», «Дар», «Тобистон» мебошад, ки ба забонҳои гуногун тарҷума шудаанд. Ҳамчунин худи нависанда тарҷумони боистеъдод ба ҳисоб рафта, повестҳо ва ҳикояҳои Горкий, Толстой, Чехов ва Герсенро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Очерки ӯ «Имтиҳони аввалин» яке аз очеркҳое мебошад, ки дар адабиёти тоҷик ба марҳаллаи нави вокеанигорй асос гузоштааст.                   Пӯлод Толис моҳи сентябри соли 1961 дар синни 32-солагӣ аз олам гузаштааст.

Август 24, 2009 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид