РӮЙХАТИ НАВИ БОКСЧИЁНИ МАШҲУР
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Федератсияи байналхалқии боксчиёни ҳаваскор дар арафаи Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии бокс, ки аз 1 то 12 сентябр дар Милан баргузор мегардад, рӯйхати нави боксчиёни зӯртарини ҳаваскор ва умедбахшро тартиб дод. Дар он боксчиёни беҳтарини ҷаҳон аз рӯи 11 гурӯҳи вазн нишон дода шудаанд. Дар рӯйхати мазкур ду нафар боксчии тоҷик Анвар Юнусов бо вазни 54 кг ва Ҷаҳон Қурбонов бо вазни 91 кг дар байни 10 нафар боксчии беҳтарин ҷой гирифтанд. Ҷаҳон Қурбонов бо 975 хол дар ҷои 9 –уми рӯйхат ва Алишер Юнусов бо 1050 хол дар ҷои 9 уми рӯйхат қарор доранд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар рӯйхати мазкур боксчиёни Куба мақоми аввалро ишғол менамоянд. Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии бокс дар Италия варзишгарони тоҷик Ораз Афзалшоев, Анвар Юнусов, Баҳодур Каримов, Мадад Нарзибеков, Умар Мақсудов, Ҷаҳонгир Убайдуллоев, Ҷасур Қурбонов ва Ҷаҳон Қурбонов ширкат меварзанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






