РӮЙХАТИ ШАҲРҲОИ ВАЗЪИЯТАШОН БЕСУБОТ
Вашингтон, 17.08.09. (АМИТ «Ховар» — Полит. Ру). — Маҷаллаи бонуфузи амрикоӣ «Шаҳрҳои ҷаҳон» рӯйхати нави мамлакатҳои вазъияташон бесубот ва муташанниҷро чоп намуд, ки 177 мамлакати ҷаҳонро дар бар мегирад. Ҷойҳои аввалро дар рӯйхати мазкур Сомали, Зимбабве ва Судон ишғол менамоянд. Дар байни мамлакатҳои ИДМ Ҷумҳурии Ӯзбекистон «пешсаф» аст. Дар маҷалла гуфта мешавад, ки дар ин мамлакат ҳуқуқи инсон мисли пештара поймол карда мешавад. Ӯзбекистон огоҳии созмонҳои байналхалқиро дар бобати эҳтироми ҳуқуқи инсон ба инобат намегирад. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рӯйхат мувофиқан ҷойҳои 37 ва 41 — ро ишғол менамоянд. Молдавия дар ҷои 54, Озарбойҷон дар ҷои 56, Туркманистон дар ҷои 59, Арманистон дар ҷои 101 ва Туркия дар ҷои 85 — ум қарор доранд. Дар рӯйхат Гурҷистон ба гурӯҳи мамлакатҳое дохил карда шудааст, ки солҳои гузашта бо маблағи хеле калон аслиҳа харидаанд. Гуфта мешавад, ки Гурҷистон дар давоми солҳои 2006 — 2007 ба маблағи 427 миллион доллари ИМА аслиҳа харидааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки рӯйхати мазкур дар асоси таҳлили вазъияти мамлакатҳои ҷаҳон аз рӯи 12 нишондиҳандаи асосӣ тартиб дода мешавад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






