РАИСИ БОНК БА ДУЗДИИ МАБЛАҒИ КАЛОН ГУНАҲКОР КАРДА МЕШАВАД
Остона, 28 август. (АМИТ «Ховар» — Вести. Ӯз). — Намояндаи Агентии мубориза ба муқобили ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ришвахӯрии Қазоқистон Мурод Ҷумонбой хабар дод, ки раиси собиқи яке аз бонкҳои калонтарини мамлакат — «Алянсбонк» Ҷомарт Ертаев ба дуздидани 1,1 миллиард доллар пули бонк гумонбар мебошад. Политсии молиявӣ нисбати Ҷ.Ертаев парвандаи ҷиноӣ кушод. Вай бо қарори прокуратура ба ҳабс гирифта шуд. Муовини собиқи раиси «Алянсбонк» Алексей Агеев дар ин мурофиа ҳамчун шоҳид иштирок хоҳад кард. «Алянсбонк» — и Қазоқистон яке аз бонкҳои калонтарини тиҷоратии мамлакат буда, дар натиҷаи бӯҳрони шадиди ҷаҳонии молиявӣ ва риоя накардани шартҳҳои додану гирифтани қарз бо бонкҳои хориҷӣ бо мушкилоти ҷиддии молиявӣ рӯ ба рӯ гардид. Бонки мазкур айни ҳол қариб 4 миллиард доллар қарздор мебошад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






