РЕЗААХБОР
Душанбе, 25 август, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 7 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 — 42 фоиз зиёд ғалла ҷамъоварӣ гардидааст. *** Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабарро дар бораи гуфтушунид бо Ҳукумати Ӯзбекистон оид ба сохтмони базаи ҳарбӣ дар Хонобод рад кардааст. *** Президенти Туркманистон Қурбангулӣ Бердимухамедов дар бораи таъсиси комиссияи давлатӣ оид ба қабули кӯпруки роҳи оҳан аз болои Амударё дастур дод. *** Дар Ҷумҳурии Қазоқистон қонун дар бораи мудҳиштарин ҷавобгарӣ барои фурӯши тамоку ба шахсони то 18 сола ва нӯшокиҳои спиртӣ барои шахсони то 21- сола қабул гардид. *** Калонтарин танкери боркаши «Сумбар», ки бо маблағи 31 млн. доллар дар асоси дархости Ҷумҳурии Туркманистон дар ФР сохта шудааст, ба бандари шаҳри Туркманбошӣ омада расид. ***Ҳангоми амалиёти «Мигрант» дар вилояти Қазоқистони ҷанубӣ 734 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷазои маъмурӣ кашида шуданд. *** Зоирини Ӯзбекистон пеш аз сафари ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ зидди бемории грипп эм карда мешаванд. *** Дар баъзе аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муассисаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ роҳкиро бе асосҳои ҳуқуқӣ то 50 фоиз боло бурда шуд.