РОҲИ ПЕШГИРИИ ҶОҒАР ВУҶУД ДОРАД

Август 4, 2009 12:00

                  Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). Солҳои охир шумораи бемориҳои ғадудҳои сипаршакл ба истилоҳ — ҷоғар хеле зиёд гардидааст. Ба марказҳои ин намуди беморӣ ҳазорон одамон муроҷиат мекунанд. Ба гуфти намояндаи Вазорати тандурустӣ, гирифторони ин намуди беморӣ асосан сокинони ноҳияҳои ба кӯҳи намаки Хоҷа — Мӯъмин наздики вилояти Хатлон бештар мушоҳида мегардад, зеро мардум аз намаксанги йоднокнашуда бештар истифода мекунанд. Ба замми ин, аз ҷониби корчаллонҳо ба савдо баровардани намаки йоднокнашуда низ ба қайд гирифта мешавад.                 Тибқи муқаррарот дар 1 тонна намак 60 миллиграмм йод ҳамроҳ карда мешавад. Аз баски йод қиммати хеле баланд дорад, на ҳама корчаллону корхонаҳои ба истеҳсоли он машғул аз ин маводи кимиёвӣ истифода мекунанд.                  Коршиносон ва мутахассисони соҳаи тандурустии байналмилалӣ ба хулосае омадаанд, ки норасоий йодро дар бадани одам танҳо тавассути намаки йоднокшуда барқарор кардан мумкин.                  Барои аз бемории ҷоғар раҳо ёфтан дар 1 рӯз барои кӯдакон истеъмоли 50 микрограмм, барои ҷавонон — 150 ва барои занҳои ҳомила то 200 микрограмм йод зарур аст.  

Август 4, 2009 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд