САРШУМОРИ ҚУТОС ЯКУНИМ БАРОБАР АФЗУД
Бадахшон, 14 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Қутоспаварӣ дар ВМКБ ба хусус дар ноҳияи Мурғоб, яке аз соҳаҳои сердаромадтарин маҳсуб аст. Аз ин лиҳоз дар даврони Истиқлолият ба рушди ин соҳа эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Имрӯз шумораи қутос дар вилоят ба 21 ҳазор сар расидааст, ки 18 ҳазораш ба ноҳияи Мурғоб рост меояд. Ин нисбат ба даврони қабл аз Истиқлолият беш аз якуним баробар зиёд аст. Чунончӣ, солҳои 80-уми асри гузашта дар саросари вилоят ҳамагӣ 14 ҳазор сар қутос парвариш карда мешуду халос. Имрӯз соҳибкорони зиёде ба парвариши қутос машғуланд. Тавре аз Раёсати кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, дар ноҳияи Мурғоб дар ҳолати обёрии чарогоҳҳои алоҳида то 30 ҳазор сар қутосро парвариш кардан мумкин аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






