САРВАЗИРИ ҶОПОН БА ИСТЕЪФО РАФТ

Август 31, 2009 10:33

             Токио, 31 август. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру). — Сарвазири Ҷопон Таро Асо ба нокомии худ дар интихоботи парлумон иқрор гашта, аз вазифаи раиси Ҳизби либералию демократӣ истеъфо дод.               Бояд гуфт, ки натиҷаҳои интихобот ҳанӯз пурра ҷамъбаст нашудаанд, вале ҳаминаш маълум аст, ки Ҳизби демократ нисбат ба Ҳизби либералию демократӣ овози бештари интихобкунандагонро ба даст овардааст.                Таро Асо зимни муроҷиати телевизиониаш ҳарифони худро аз Ҳизби демократ табрик намуд.               Баъди аниқ маълум шудани натиҷаҳои интихобот, Ҳизби демократ ҳуқуқи ташкили ҳукуматро ба даст меорад. Пешгӯӣ карда мешавад, ки ба ҳукумати нави мамлакат раиси Ҳизби демократ Юкио Хатояма роҳбарӣ мекунад.  

Август 31, 2009 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд