ШЕРАЛӢ ҶӮРАЕВ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Овозхони машҳури ӯзбек Шералӣ Ҷӯраев ба пойтахти Тоҷикистон сафари эҷодӣ хоҳад кард. Ӯ хотири ҳаводоронашро 15 август дар Кохи Борбад ва 16 август дар толори «Маркази Вефа» шод мегардонад. Сафари ҳунарии овозхони маъруф бо ташаббуси «Маркази Вефа» сурат хоҳад гирифтад. Тавре ки маълум аст, Шералӣ Ҷӯраев на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон мухлисони зиёд дорад, ӯ сурудҳои классикиро бо оҳангҳои имрӯза моҳирона пайваст месозад. Тасодуфӣ нест, ки Ш.Ҷӯраев сазовори унвони «Ҳофизи халқии Ӯзбекистон» гардидааст. Ш.Ҷӯраев дар сурудҳояш ишқу муҳаббат, ғояҳои ватандӯстӣ, муҳаббат ба модар ва масъалаҳои дигари ҳаёти инсонро тараннум менамояд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ин сафари панҷуми овозхонони машҳури Ӯзбекистони ҳамсоя ба Тоҷикистон дар давоми соли равон мебошад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






