ТАҲСИЛ ДАР СИНГАПУР

Август 28, 2009 15:04

                    Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 29 нафар намояндаи 8 мамлакати иштирокдори барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар Сингапур курси кӯтоҳмуддати такмили маҳорати роҳбариро хатм намуд. Дар ин курсҳо намояндагони Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки курси мазкурро аз Тоҷикистон мушовири президент дар масъалаҳои иқтисодӣ М.Сафаров, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои У.Давлатзода, муовини вазири энергетика ва саноат А.Сулаймонов ва муовини вазири нақлиёту алоқа Х.Худоёров хатм намуданд.                    Шунавандагони курсҳо маҳораташонро дар панҷ соҳа — такмили маҳорати роҳбарӣ, идораи секторҳои давлатӣ, мафкура ва банақшагирии стратегӣ, гуфтушуниди тиҷоратӣ ва ғайра мукаммалтар сохтанд.                                                                                                      Тарҷумон — Қудратов А.    

Август 28, 2009 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад