ТАНЗИМИ НАРХИ МАҲСУЛОТ ДАР МОҲИ РАМАЗОН
Душанбе, 21 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Одатан ҳамасола бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозору марказҳои савдои ҷумҳурӣ бахусус пойтахт- боло рафта, боиси нороҳат шудани мардум мегардад. Ҳол он, ки дар дигар кишварҳои мусулмонии ҷаҳон дар ин моҳ нархи маҳсулот поён фароварда шуда, эҳсонкорию саховатмандӣ шиори ҷомеаи баъзе аз давлатҳои мусулмонӣ мегардад. Ҷиҳати ба танзим даровардан ва паст намудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон чӣ тадбирҳо андешида мешавад? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба сардори раёсати рушди иқтисод ва фаъолияти сиёсати зиддимонополӣ дар шаҳри Душанбе Саидмурод Зайнуддинов муроҷиат кард. С.Зайнуддинов иброз дошт, ки бо мақсади коҳиш додани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус кишоварзӣ бо ибтикори мақомоти марбутаи пойтахт дар бозорҳои Баракат, Шоҳмансур, Қарияи Боло, Саховат ва Деҳқон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт 114 гӯшаи деҳқон фаъолият менамоянд, ки деҳқонон дар асоси шартнома маҳсулоташонро ба ин гӯшаҳо ба фурӯш мебароранд. Танҳо 20 август ба пойтахт аз дохили ҷумҳурӣ 1 ҳазору 171 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, 28, 5 тонна гӯшт 4 ҳазору 500 литр шир ворид гардидааст. С. Зайнуддинов афзуд, ки вақтҳои наздик нархи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваҷот дар бозорҳои шаҳр коҳиш меёбад. Инчунин, механизми нави паст кардани маҳсулоти кишоварзӣ таҳия мегардад. С. Зайнуддинов, яке аз сабабҳои боло рафтани нархи маҳсулотро дар қиммат шудани нархи сӯзишворӣ, бахусус нафт дар бозори ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Алҳол, ба ҷумҳурӣ сӯзишвориро аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон асосан соҳибкорон ворид менамоянд. Бо мақсади паст кардани нархи сӯзишворӣ дар пойтахт 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ кушода шудааст, ки дар онҳо нархи бензин дар қиёс ба дигар нуқтаҳои фурӯш арзонтар аст. Масалан, 1литр бензини навъи АИ -80 3 сомонию 5 дирам, АИ 92 3 сомонию 30 дирам ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади паст фаровардани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус кишоварзӣ дар моҳи шарифи Рамазон, 22 август дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати васеи корӣ бо иштироки масъулини соҳа ва сохторҳои марбутаи пойтахт баргузор мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






