ТАНЗИМИ РАВАНДИ МУҲОҶИРАТИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ

Август 18, 2009 08:58

               Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, ки хадамоти мазкур раванди муҳоҷирати кориро дар ҷумҳурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ба танзим медарорад.               Боиси ёдоварист, ки дар асоси барномаҳое, ки дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудаанд, ширкатҳои хориҷӣ баробари сармоягузориашон дар амалӣ шудани барномаҳо дар Тоҷикистон аз мутахассисон ва шаҳрвандони бетабаа низ истифода мекунанд.               Аз ин рӯ онҳоро зарур аст, ки фаъолият ва мӯҳлати будубоши шаҳрвандонашонро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.               Рейди кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ нишон дод, ки дар 29 ҳолат нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд, барои вайрон кардани мӯҳлати будубош чораҳои маъмурӣ дида шуд. Як қисми онҳо ҷарима андохта шуданд ва ҳатто барои дағалона вайрон кардани мӯҳлати будубош чанд шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ хориҷ карда шуданд.  

Август 18, 2009 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад