ТАРКИШ ДАР НАЗДИКИИ НАМОЯНДАГИИ НАТО
Кобул, 17 август. (АМИТ «Ховар» — Вести.ру). — Котиби матбуоти Қувваҳои муттаҳидаи низомии хориҷӣ дар Афғонистон хабар дод, ки як нафар террористи фидоӣ рӯзи шанбе мошини сабукрави пур аз маводи таркандаро дар наздикии даромадгоҳи намояндагии НАТО дар шаҳри Кобул тарконд. Дар маҳалли таркиш якчанд мошин даргирифта, дарахтон решакан гардида, биноҳои наздик хароб шуданд. Дар наздикии маҳалли таркиш биноҳои сафоратхонаи ИМА ва Британияи Кабир воқеъ буданд. Баъди таркиш аскарони НАТО ин сафоратхонаҳоро иҳота карданд. Аз рӯи хабарҳои расида, бар асари таркиш миқдори зиёди одамон ҳалоку маҷрӯҳ гардидаанд. Шаби гузашта баъзе маҳалҳои шаҳри Кобул ҳадафи оташи миномёт қарор дода шуд. Якчанд гулӯла аз ҷумла, дар наздикии майдони ҳавоии шаҳри Кобул афтода таркид. Хабар дода мешавад, ки масъулияти ин амалиётро ҷунбиши «Толибон» ба зиммаи худ гирифт. Рӯзҳои охир фаъолияти гурӯҳҳои силоҳбадасти «Толибон» дар Афғонистон торафт авҷ мегирад. Ба қавли коршиносон, ин ба наздик шудани интихоботи президент вобаста мебошад. «Толибон» мехоҳанд дар байни аҳолӣ воҳима андохта, онҳоро маҷбур созанд, ки аз иштирок дар интихобот даст кашанд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






