ТЕРМИНАЛҲО БОЗ ТАҒЙИР ДОДА ШУДАНД
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳукумати шаҳри Душанбе бо мақсди ҳаракати мутадил дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт ва таъмини бехатари аҳолӣ бо нақлиёти мусофиркашонии шаҳрию байнишаҳрӣ тартиби навро ҷорӣ намуд. Нисбати тадбири андешидашуда мардум андешаҳои гуногун доранд. Мухбири АМИТ «Ховар» бо мақсади назарсанҷӣ дар 4 терминали атрофии шаҳр назари мардумро фаҳмидан хост. Карим Исоев сокини шаҳри Ваҳдат: -Дар давоми солҳои 1991- 2009 «терминал» — и шаҳри Ваҳдатро 6 маротиба иваз намуданд ва ҳар кӣ тавонист дар ин давраҳои бесарусомонӣ дар кӯчаҳои Душанбе «терминал» ташкил карду пул кор кард, мо нашунидем, ки нафаре аз ин соҳибтерминалҳо ба ҷазо кашида шуда бошанд. Худо кунад, ки инаш терминали охирин бошад.Гулсум Пиррова сокини ноҳияи Ҳисор: — Ба гумон аст, ки шаҳрдорӣ дар бораи беҳбудии кори тоҷиру корчалон ва соҳибкорони хурду миёна ва худи сокинони шаҳр фикр карда бошад. Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки шаҳриёнро бо маҳсулоти хушсифату арзон таъмин кунем, аммо вақте борро ду- се маротиба аз як мошин ба мошини дигар бурор -фурор мекунед аз он чӣ сифат мемонад? Дигар, ин ки борро то ба шаҳр расонида наметавонию онро маҷбуран ба дасти ҳанотон месупорӣ, дигар онҳо медонанду дави аспашон. Собир Қунғуротов мусофир: — Мо сари калобаамонро гум кардаем, бигузор ҳарчӣ, ки мекунанд, кардан гиранд. Мо медодонем, ки аз гуфти мо бадтар мешаваду беҳтар не! Ба ҳар навъ терминалҳоро зери назорати идораҳои дахлдор қарор додаанд. Боз кӣ медонад, ки соҳибтерминалҳо чӣ бозиҳои пасипардагиро барои худ дуруст мекунанд, вагар на чӣ тавр ронандагон чашми нозирро хато карда, боз вориди шаҳр мегардад?








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






