ТУРКМАНИСТОН ИСТЕҲСОЛУ СОДИРОТИ ҚУВВАИ БАРҚРО ЗИЁД КАРД

Август 13, 2009 10:47

                       Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар» Наргис Бояхмедова). — Сафоратхонаи Туркманистон дар Тоҷикистон ба маълумоти корпоратсияи давлатии энергетики «Туркменэнерго» истинод карда, ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Туркманистон имсол ба мамлакатҳои хориҷӣ 2,6 миллиард киловват соат барқро фурӯхтан мехоҳад. Туркманистон қувваи барқи худро асосан ба Афғонистону Эрон, Туркияву Тоҷикистон мефурӯшад.                     Дар натиҷаи нимсолаи аввали соли 2009 дар Туркманистон беш аз 7 милиарду 950 миллион киловват соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд, ки ин аз соли гузашта 4,3% зиёд мебошад. Дар ин муддат 1 миллиарду 546 миллион киловват соат қувваи барқ содирот шудааст, ки ин 16% аз нимсолаи аввали соли 2008 зиёд аст.                     Айни ҳол, дар Туркманистон бо дастгирии давлат як қатор лоиҳаҳо ба нақша гирифта шудааст, ки он сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқӣ ва кашидани хатҳои нави интиқоли барқро пешбинӣ мекунад. Дар назар аст, ки то соли 2020 истеҳсоли қувваи барқ дар Туркманистон 26,38 миллиард киловват соат зиёд хоҳад гашт. Ва содироти барқ ба мамлакатҳои ҳамсоя ба 6 миллиард киловват соат дар як сол мерасад.

Август 13, 2009 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд