ВАЗЪИЯТИ ГЕОМАГНИТИИ ЗАМИН
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар» — погода.ру). — Вазъи ҳаво дар фасли тобистони имсола ба мӯътадил гардидани саломатии одамони мубталои бемориҳои гуногун мусоидат намуд. Майдони магнитии Замин, ки ба миқдор ва ҳаҷми афканиши шуои Офтоб вобаста мебошад, дар давоми фаслҳои баҳору тобистони имсола нисбатан ором ва мӯътадил буд. Танҳо баъзе рӯзҳои алоҳида тарокуми нисбатан заифи майдони магнитии Замин мушоҳида карда шуд. Вале баъди 28 август давраи фаъоли афканиши шуои Офтоб оғоз меёбад, бинобарин тарокуми шадиди майдони магнитии Замин пешгӯӣ карда мешавад. Ин вазъият ба саломатии одамони мубталои бемориҳои гуногуни асаб, қалб ва банду буғум таъсири манфӣ мерасонад. Зеро организми онҳо дар моҳҳои гузашта ба вазъияти орому осудаи майдони магнитии Замин мутобиқ гардида, баъди оғози давраи фаъол гардидани афканиши шуои Офтоб ба тағйироти ҷиддӣ мувоҷеҳ гардида метавонад. Таъсири чунин вазъият ба организми одамони солхӯрда, шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг, хусусан онҳое, ки сактаи қалб ё хунрезии майна доранд, бештар таъсир мерасонад. Духтурон дар ин маврид ба онҳо тавсия медиҳанд, ки камтар таҳти фишори кори ҷисмонию ақлӣ қарор гирифта, доруҳои заруриро ҳамеша ҳамроҳашон гирифта гарданд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






