ЯКЕ АЗ ШИРКАТҲОИ МАЛАЙЗИЯ НЕРӮГОҲ МЕСОЗАД
Душанбе, 25 август, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маркази матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ иттилоъ доданд, ки ширкати Малайзии «Enepgy industry Co» мақсад дорад баҳри амаликунии лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои хурду миёна аз 5 то 20 млн. евро маблағгузорӣ намояд. Дар ин бора миёни директори ширкати мазкур Идрис Меҳдизода ва ҷонишини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ мувофиқа ба даст омад. Ширкати мазкур омода аст дар байни 2 сол як нерӯгоҳ бо иқтидори 20 МВт аз рӯи методи ВОТ (Building Operation Transfep) cохта ба истифода диҳад. Ба гуфти ҳамин манбаъ, сохтмони иншоот аз рӯи ин метод маънои онро дорад, ки баъди пӯшонидани ҳамаи хароҷот нерӯгоҳ ба давлате, ки дар он сохта шудааст, чун моликияти он супорида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






