ЗАРБАИ ҲАВОПАЙМОҲОИ ИСРОИЛ БА ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ
Байтулмуқаддас, 10 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). Ҳавопаймоҳои низомии Исроил шаби якшанбеи 9 август қаламрави воҳаи Ғаззаҳро бомбаборон карданд. Ҳадафи зарбаи онҳо нобуд сохтани туннелҳои зеризаминии атрофи шаҳри Роҳия буд. Хабар дода мешавад, ки террористон туннелҳои мазкурро барои интиқоли аслиҳа аз Миср ба воҳаи Ғаззаҳ истифода мебаранд. Ҳавопаймоҳои Исроил баъди чанд соати ҳадафи ҳуҷуми ракетаҳо қарор гирифтани посгоҳҳои сарҳадии Карни ва Эретс дар сарҳади воҳаи Ғаззаҳ ба ин минтақа ҳуҷум оварданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






