ЖУРНАЛИСТОНИ АМРИКОӢ АВФ КАРДА ШУДАНД
Пхенян, 5 август. (АМИТ «Ховар», — Лента. Ру.). — Тибқи хабарҳои аз Ҷумҳурии Халқии Демократии Куриё расида, президенти ин мамлакат Ким Чен Ир дирӯз, 4 август баъди мулоқоташ бо президенти собиқи ИМА Билл Клинтон гуноҳи журналистони амрикоӣ Лора Лин ва Юна Лиро авф кард. Ҳар ду журналист имрӯз ҳамроҳи Б.Клинтон ба ватан баргаштанд. Тавре хабар дода шуда буд, журналистони амрикоӣ дар ширкати телевизионии «Каррент ТВ» кор мекарданд ва моҳи марти ҳамин сол дар наздикии сарҳади Куриёи Шимолӣ ва Чин дастгир карда шуданд. Мақомоти Куриёи Шимолӣ онҳоро ба содир намудани ҷиноят ба муқобили давлат гунаҳкор намуда, ба мӯҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Маъмурияти Амрико ва созмонҳои байналхалдқии ҳифзи ҳуқуқ Куриёи Шимолиро даъват карданд, ки журналистонро озод кунад, аммо ин даъват ба инобат гирифта нашуд. Журналистон танҳо баъди ба Пхенян омадани Б.Клинтон ва аз номи президенти ИМА Барак Обама узр пурсидани ӯ аз ҳабс озод карда шуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






