ҒАЛАБАИ ШОҲМОТБОЗИ ТОҶИК

Сентябрь 11, 2009 16:57

                 Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Шоҳмотбози машҳури тоҷик Фаррух Амонатов дар даври 8-уми мусобиқаи шоҳмотбозони Лигаи олии Федератсияи Русия шоҳмотбози русиягӣ Максим Матлаковро мағлуб кард. Шоҳмотбози тоҷик 5 хол ба даст оварда, аз 15-ум ҷой ба ҷои 11-ум баромад ва муборизаро барои ҷой гирифтан дар байни 5 шоҳмотбози беҳтарин давом медиҳад. Ӯ танҳо дар ҳамин маврид метавонад дар қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмотбозони Русия ширкат варзад.                  Имрӯз дар даври 9-ум шоҳмотбози тоҷик Ф. Амонатов бо шоҳмотбози Русия Евгений Вординов қувваозмоӣ мекунад.                   Шоҳмотбози Русия А. Рязансев дар ҷадвали мусобиқа дар даври 8-ум ҷои аввалро ишғол кардааст.

Сентябрь 11, 2009 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид