ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ҲАҶИ ФАРЗИИ СОЛИ 2009 САР ШУД
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Аз 10 сентябри соли ҷорӣ, қабули ҳуҷҷатҳо барои мавсими ҳаҷи фарзии соли 2009 муайян шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, марҳилаи аввали қабули ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ва маблағи сафари ҳаҷ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҷойи зист, дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва водиҳо аз 10 сентябр то 25 сентябр, марҳилаи дуюм – тибқи нақша аз 25 сентябр то 10-октябри соли 2009 ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шўъбаҳои ҳаҷи Вазорати фарҳанги ҶТ сурат мегирад. Вазорати фарҳанг бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ масъалаи сафари ҳоҷиёни ҷумҳуриро бо хатсайри Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд ба мувофиқа расонидааст. Маблағи умумии сафари ҳаҷи имсола барои як ҳоҷӣ 3342 доллари ИМА муайян гардидааст, ки он иборат аз пардохти нархи чиптаи ҳавопаймо, хўрока, меҳмонхонаҳо ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Макка ва Мадина мебошад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






