Қ. РАСУЛЗОДА БА 100 ОИЛАИ КАМБИЗОАТ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ ФИТРИ РӮЗА ДОД
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз ҳисоби фитри рӯзаи худ ва аҳли оилааш дар маҷмӯъ 800 адад лампаи каммасрафро харидорӣ намуда, ба 100 оилаи камбизоат тақдим намуд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ноҳияҳои Ашт, Спитамен, Мастчоҳ, Ғончӣ ва Зафаробод рафта, ҳадяи рамазонии Сарвари вилоятро ба оилаҳои камбизоат супориданд. Мавриди зикр аст, ки ин амали раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ибрат аз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки бо аҳли хонавода ва фарзандонаш ба 360 оилаи камбизоати шаҳри Душанбе чун фитри рӯзаи худ 8 — донагӣ лампаҳои каммасраф тақдим намуд, сарчашма мегирад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






