ҲАВОНАВАРДИИ МУЛКИИ ТОҶИКИСТОН 85 – СОЛА ШУД

Сентябрь 3, 2009 13:17

                Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар Тоҷикистон иди касбии кормандони соҳаи ҳавонавардии мулкӣ — рӯзи авиатсияи мамлакат ҷашн гирифта мешавад.               Ба ин муносибат дар ширкати воҳиди давлатии «Тоҷик Эйр» маҷлиси ботантана баргузор мегардад. Дар он вазири нақлиёт ва коммуникатсия Абдураҳим Ашӯров, намояндагони ҳукумат, ширкатҳои хориҷӣ ва собиқадорони соҳа иштирок менамоянд. Ба коргарони беҳтарин ва собиқадорон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.                Фаъолияти соҳаи ҳавонавардии мулкии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1924 оғоз меёбад. Ҳамон рӯз аз Бухоро ба Душанбе нахустин ҳавопаймои мусофирбари «Юнкерс» таҳти роҳбарии ҳавопаймои нахустини тоҷик Рашидбек Охриев ва ҳавонаварди рус Пётр Комаров парвоз карда буд. Бояд гуфт, ки ҳавопаймои нахустин ба пойтахти Тоҷикистони навбунёд ду сол пеш аз автомобили боркаш ва панҷ сол пеш аз қатори роҳи оҳан парвоз кардааст.               Соли 1930 дар Душанбе майдони ҳавоӣ сохта шуд. Баъди як сол дар ноҳияҳои Кӯлоб, Ғарм, Панҷ, Данғара ва ғайра фурудгоҳҳо бунёд карда шуданд. Солҳои ҳокимияти шӯравӣ соҳаи ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон босуръат тараққи карда буд. Ҳамон солҳо аз пойтахти мамлакат ба ноҳияҳои дурдасти баландқуҳ – Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Бартанг, Яғноб ва ғайра ҳавопаймоҳо парвоз мекарданд. Имрӯз ҳам ҳаёти мардуми мамлакатро бе соҳаи ҳавонавардии мулкӣ тасаввур кардан маҳол аст. Нақши ин соҳа дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат хеле калон мебошад.

Сентябрь 3, 2009 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд