ҶАМЪБАСТИ ОЗМУН

Сентябрь 26, 2009 11:42

                 Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 24 сентябр дар шаҳри Душанбе озмуни 7 – уми журналистони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ анҷом ёфт, ки дар соҳаи экология хабару мақола менависанд. Ҳайати доварон таҳти роҳбарии омӯзгори шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Шаҳодат Соҳибназарова 70 асари ба озмун пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷойҳои аввал дар бахшҳои гуногун ба мақолаҳои зерин сазовор дониста шуданд:               — Дар бахши «Матбуот» — очерки мухбири ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» Галина Дзутсева «Барои ҳифзи чинорҳо садо баланд кунед»;               — Дар бахши «Видеофилм» филми видеоии Мамадвафо Мамадлоиқов «Боғҳои муаллақи Помир» ;               — Дар бахши «Барномаҳои алоҳида» ҷои аввал ба журналист Хайрулло Мирсаидов муносиб дониста шуд;               — Дар бахши «Мақолаи интернетӣ» журналисти мустақил Валентина Қосимбекова барои мақолаи «Коркарди партовҳои радиоактивӣ».                Илова бар ин, дар бахши «Асарҳои нахустин» мукофоти ҳавасмандкунӣ ба журналист Ҷамшед Каримов дода шуд.                  Озмуни навбатии 8 – уми журналистони Осиёи Марказӣ, ки дар соҳаи экология хабару мақола менависанд, дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад. 

Сентябрь 26, 2009 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд