ҶАНОБИ ПРЕЗИДЕНТ, МАН БО ШУМО ИФТИХОР ДОРАМ!

Сентябрь 25, 2009 15:38

                9 сентябр дар таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гаштааст, зеро ин рӯз ҳамчун Рӯзи истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ботантана таҷлил карда мешавад.                 Рӯзи 9 сентябр шахсан барои ман ҳамчун рӯзи мулоқоти фаромӯшнашаванда бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар хотирам нақш бастааст. Иқрор мешавам, ки то имрӯз мулоқоти худро бо Президент бо ҳаяҷон ба хотир меорам ва самимона ифтихор дорам, ки бо ҳукми тақдир бо Сарвари давлат ҳамсӯҳбат шуда, дастони қавии ӯро фишурда будам.                  Чанд сол пеш дар Хуҷанд зимни ташрифи сарони давлатҳо ба вилояти Суғд мулоқоти намояндагони зиёиёни илмию эҷодкор бо Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Ман ҳам мисли шахсони дигари ба мулоқот даъватшуда дар қатори пешвозигирандагон истода будам. Ҳамон вақт маро шӯру ҳаяҷон ва изтироби форам фаро гирифта буд. Президент таҳти чапакзаниҳои бардавом аз назди кормандони соҳаи фарҳанг ва намояндагони зиёиёни вилоят гузашт.                  Намедонам, аз чӣ бошад, диққати Сардори давлат чанд лаҳза ба сӯи ман ҷалб гардид. Шояд ӯ ба чапакзаниҳои пурҷӯшу хурӯши ман таваҷҷӯҳ зоҳир намуд ё диққати ӯро ҳамин чиз ба худ ҷалб кард, ки ман дар байни ҷамъомадагон ягона зани русзабон будам.                   Баъди чанд лаҳза дар назди ҷамъомадагон раиси вилоят Қоҳир Расулзода сухан кард. Баъд Президент боз аз назди қатори одамон гузашт. Ӯ бо ҳамаи ҳозирон самимона мулоқот карда, ду — се калима раду бадал намуда, роҳи худро давом медод.                  Ман ҳамин лаҳза дар байни ду шахси қоматбаланд истода будам, онҳо нависандагони маъруфи вилояти Суғд буданд. Аз дур чунин менамуд, ки ман гӯё дар паси онҳо паноҳ гашта бошам. Ҳамаи ҳозирон ба хубӣ дарк мекарданд, ки Сардори давлат бо ҳамаи ҳозирон дастфишорӣ нахоҳад кард. Вале дар ҳамон лаҳза ҳар кас кӯшиш мекард, ки ба назди Президент рафта, дастони ӯро фишорад. Одамони дар назди ман буда низ таваккал карда, як қадам ба пеш гузоштанд ва маро ба маънои томаш дар паси худ пинҳон намуданд.                  Вале ҳамон лаҳза вазъияти ғайричашмдошт рух дод: Президент гӯё вазъияти маро пай бурда бошад, аз назди одамони дар пеши ман буда гузашта, ба наздам омад ва дасташро ба сӯи ман дароз кард. Одамоне, ки маро дар пушти худ паноҳ карда буданд, маҷбур шуданд, ки ба ҷои худ баргарданд. Камераҳои телевизион, микрофонҳои радио ва журналистон моро аз чор тараф иҳота карда буданд. Вале ман ҳамон лаҳза дар назди худ танҳо Президентро медидаму халос. Ӯ марди қоматбаланд, хушқаду қомат ва зебо буд. Ман аз ваҷоҳати қиёфаи ӯ ба ҳайрат афтодам. Ҳис мекардам, ки Президенти мамлакати мо шахси қавиирода, тавоно ва сиёсатмадори варзида мебошад. Нерӯи пуртаъсири ботинии ӯ одамони атрофашро рӯҳбаланд мекард. Дар чашмони дурбину хирадмандонаи Президент табассуми пур аз меҳру муҳаббат шукуфта буд.                Ман дастонамро ба сӯи Президент дароз карда, оромона ва самимона изҳор намудам: «Ҷаноби Президент, бо Шумо ифтихор дорам!». Ӯ ба ман миннатдорӣ баён карда, ба сӯи минбар равон гашт.                  Ман ҳамон вақт ин суханҳоро ба Президент гуфта, соли 1992 – ро ба хотир овардам.                  Мо ҳамон сол донишҷӯи соли аввал будем ва ҳар рӯз пеш аз машғулиятҳо дар синф ҷамъ омада, вазъияти мамлакатро ба таври худ муҳокима мекардем. Аксарияти донишҷӯёни гурӯҳи мо русҳо ва русзабонон буданд. Ҳар кадоми моро тақдири мамлакат ва Президенти ба тозагӣ интихобшудаи ҷумҳурӣ ба ташвиш оварда буд. Мо аз ҷасорату қатъият ва мардонагии ӯ ба ҳайрат афтода будем ва аз ин ифтихор мекардем.                Албатта, ман баъди мулоқотам бо Президент дар ин бора ба ҳамаи ҳамкурсонам хабар додам, ки дар гӯшаю канорҳои гуногуни Русия ва мамлакатҳои дигар кору зиндагӣ мекарданд. Ман ба онҳо мактуб навишта, хабар додам, ки бо Президенти ҷумҳурӣ, бо шахсе мулоқот кардам, ки ба мо ва миллионҳо сокинони Тоҷикистон сулҳ оварда буд. Ман «тоҷикон» намегӯям, балки маҳз «тоҷикистониён» менависам, зеро Тоҷикистон на танҳо мамлакати миллати тоҷик, балки тамоми сокинони он мебошад. Тоҷикистон Ватан ва маъвои ҳамаи мост.                 Аз он мулоқот чанд сол гузашт. Хушбахтам, ки дар сарзамини худ кору зиндагӣ дорам. Ин ҷо Ватани ман мебошад. Дар ҳамин ҷо писари ман ба дунё омад. Ифтихор мекунам, ки мақолаҳои маро дар бораи намояндагони беҳтарини халқи тоҷик ба воситаи нашрияи байналхалқии «Аргументы и Факты» дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мутолиа кардаанд ва мекунанд.                  Ин мавриди созгорест, ки ман аз мавқеи худ ҳамчун журналист истифода бурда, дар саҳифаҳои нашрияи «Аргументы и Факты – Тоҷикистон» бори дигар ба Президенти мамлакат гуфтаниам, ки «Ҷаноби Президент, ман мисли пештара бо Шумо ифтихор дорам!».                                Ленура Мустафоева,корманди нашрияи «Аргументы и Факты – Тоҷикистон»                        (Тарҷумаи АМИТ «Ховар»)

Сентябрь 25, 2009 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид
Масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти «сабз» дар шароити саноатикунонӣ баррасӣ карда шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодиринг аз витаминҳои C ва K, минералҳои калий, магний ва антиоксидантҳо бой мебошад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат дар назар аст