А. РИЗОЕВ: «ДАР МАШРИҚЗАМИН МЕЪЁРИ АСОСӢ ИНСОФ АСТ»

Сентябрь 14, 2009 12:02

                Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аз қадимулайём дар муносибатҳои савдою тиҷорати машриқзамин инсоф ҳамчун меъёри асосӣ шинохта шуда, беасос нагуфтаанд, ки «тиҷоратро аз машриқ омӯзед, зеро дар он ҷо меъёри асосӣ инсоф аст». То чӣ андоза ин фазилати ҳамидаи инсонӣ, яъне инсоф дар бозору фурӯшгоҳҳои кишвари мо бахусус, дар пойтахт дар моҳи Шарифи Рамазон риоя мегардад? Масъулини сохторҳои марбутаи пойтахт дар ин самт чӣ тадбирҳо меандешанд? Зимни посух ба ин ва дигар саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори кулли Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳо»-и шаҳри Душанбе Асомиддин Ризоев чунин посух дод:                — Қабл аз оғои моҳи шарифи Рамазон КВД «Савдо ва бозор»-и шаҳри Душанбе «Дар бораи ба андозаи 20 % паст намудани ҳама гуна хизматрасониҳо дар муассисаҳои зертобеи корхона фармон баровард ва дар асоси ин фармон аз тамоми соҳибкорон ва кишоварзоне, ки маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводҳои ғизоиро ба пойтахт ворид месозанд даъват оварда шуд, ки нархи маҳсулоташонро ба андозаи 10-15 % паст намоянд. Инчунин, рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои марбутаи пойтахт ва ҷумҳурӣ ҷаласаи васеъ доир шуд, ки дар он масъалаи коҳиш додани нархи маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон ва иди Қурбон баррасӣ шуд. Дар партави дастуру супоришҳои Раиси шаҳр ва фармонҳои КВД «Савдо ва бозорҳо»-и шаҳри Душанбе ҷиҳати паст кардани арзиши маҳсулот тадбирҳои мушаххас андешида шуд.                Аз ҷумла, бо як чанд нафар соҳибкорон шартномаҳо ба имзо расонида шудааст, ки дар асоси он ба бозорҳои шаҳр маҳсулоти гӯштӣ ворид карда мешавад. Масалан, бо ширкати «Нури неъмат» аз ноҳияи Варзоб барои харидории 1000 сар гӯсфанд ва 200 сар гов шартнома бастем. Ҳар рӯз то 30-40 сар гӯсфанд ва 10-20 сар гов ворид месозем ва дар 5 корхонаи калони шаҳр , ки нисбатан фурӯши ин навъи маҳсулот зиёд аст, тақсим карда мешавад. Чорво дар маҳаллаи 33 ки кушторхона мавҷуд аст забҳ карда шуда, баъд ба арзиши 14 сомонӣ ба фурӯшандаҳои нуқтаҳои гӯшти бозорҳои шаҳр ва бо назардошти баъзе хароҷотҳо, аз ҷумла супоридани андоз аз ҷониби соҳибкорон гӯшти гову гӯсфанд бо нархи 15-16-17 сомонӣ фурӯхта мешаванд. Аллакай нархи гӯшт дар бозорҳои шаҳр дар доираи муайян ба танзим дароварда шудааст.                 Дар бозорҳо дар мавриди харидани гӯшт ҳуқуқи харидорон то чӣ андоза ҳимоя карда мешавад?                Дар тамоми дӯконҳои гӯштфурӯшӣ нархномаҳо бо навиштаҷоти гӯшти гов 15-сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 16 -17 сомонӣ овезон карда шудааст. Баъзан мегӯянд, ки ба танзим даровардани нархи гӯшт дар бозорҳои шаҳр маҷбурӣ аст. Вале ин тавр нест. Зеро арзиши аслии гӯшт вобаста аст ба ғизое, ки чорво истеъмол менамояд. Нисбати соли гузашта ҳам нархи кунҷораю ем ва хошок поён рафт. Пас аз куҷо нархи гӯшт боло равад. Ҳоло нархи 1кг ем (комбикорм) 1 сомонию 20 -40 дирам аст соли гузашта то 1 сомонию 80-90 дирам баробар буд. Ҳозир нархи кунҷора 1 сомонию 30 -40 дирам буда дар соли 2008 он баробари нархи ем буд. Нархи орд дар соли 2008 –ум 120 сомони буд.   Имрӯз 80-90- сомонӣ. Нархи орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон –Шамалғану Сесна 90-92 сомонӣ дар бозорҳо ба фурӯш рафта истодааст.   Нархи орди навъи якуми истеҳсоли Тоҷикистон бошад аз 82 сомонӣ сар карда, то то 88 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта, арзиши орд 1 халтааш 115-120 сомони буд. Ҳисоби миёнаи нархҳо 82-85 сомони аст. Бубинед, ки ҳам орд, гӯшти гову гӯсфанд имрӯз нисбати соли 2008 паст шудааст. Аз ҷумла нархи картошка низ. 1 кг картошка соли 2008 –ум 1 сомонию 40 ва 60 дирам буд. Алҳол нархи картошка 1 сомонию 20 дирам ва 1 сомонию 40 дирамро ташкил медиҳад, яъне 98 % соли гузаштаро ташкил медиҳад. Нархи гӯшти гӯсфанд бошад 93 фоизи соли гузашта нархи гӯшти гов 93, 7 % -и соли гузашта. Нархи сабзӣ соли гузашта 1 сомонию 30 -50 дирам буд. Имрӯз дар бозорҳои пойтахт аз 70 то 90 дирам ва баъзан то 1 сомонӣ аст. Нархи сабзӣ низ 7- % нархи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Нархи равғани растанӣ бошад соли гузашта дар ҳамин давра 6 сомонӣ 70 дирам 1 кг равгани растанӣ ба ҳисоби миёнаи навъҳои он буд, имрӯз 5 сомонию 50 -25 дирам нарх дорад. Яъне, ки ин ҳам 80% -и соли гузашта аст.                  Нархи тухм чӣ?                 Нархи тухм чанд рӯзи аввали моҳи Рамазон то ба 70 дирам боло рафта буд. Дар ин самт Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳр»-и Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар иштироки роҳбарони ҳамаи фабрикаҳои мурғпарварӣ шартнома ба имзо расонданд ва дар асоси он дар назди бозорҳои калони шаҳр –дар назди бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Саховат» 2 адади дар назди бозори «Баракат», «Қарияи Боло» ва «Деҳқон» 1 адади мошинҳои тухм ҳар рӯз савдо менамоянд. Ин ҷо як нофаҳмӣ аст, ки баъзан ягон шахс як сатил ё ду сатил тухми хонагиро оварда дар ягон гӯшаи бозор бо нархии 65 -70 дирам мефурӯшад, баъдан мегӯянд, ки нархи тухм 65-70 дирам аст. Як сатил ду сатилро мо ба инобат гирифта менависем, ки нархи тухм 70 дирам вақте, ки дар назди ҳар бозор то 34 -60 ҳазор дона тухм бо нархи аз 50-то 56 дирам фурӯхта мешавад, касе иттилое намедиҳад. Дар 1 рӯз дар бозорҳои шаҳр тақрибан 30 то 60 ҳазор дона тухм аз ҳисоби фабрикаҳои паррандапарварии «Мурғи ҳилол»и ноҳияи Файзобод, «Наврӯз»-и ноҳияи Ваҳдат, фабрикаҳои Чиптура ва ноҳияи Рӯдакӣ фурӯхта мешавад. 10 донаи тухм имрӯз 5 сомонию 75 дирамро ташкил медиҳад. Як ҳафта пеш он 6 сомонию 50 дирамро ташкил медод. Аллакай бо ворид шудани тухми истеҳсоли ҷумҳурӣ ба бозорҳо нархи он дар моҳи Рамазон паст фаромад.                  Нархи меваҷот ва дигар зироатҳои полезӣ дар бозорҳои шаҳр дар кадом сатҳ аст?                  Нархи меваҷотро агар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қиёс намоем каме боло рафтааст. Ҳамзамон, нархи маҳсулоти полезӣ- харбуза баланд гардидааст, чунки истеҳсол ва воридот кам аст. Лекин нархи тарбуз ба андозаи соли гузашта буда, арзишаш нисбати соли гузашта каме коҳиш ёфтааст.                  Маҳсулоти полезӣ асосан аз кадом минтақа ба бозорҳо ворид карда мешаванд?                  Харбуза асосан аз вилояти Суғд ва дигар ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд. Ҳангоме, ки маҳсулот ба бозорҳо бештар ворид мешаванд нарх паст мегардад. Инчунин, КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳр»-и Душанбе ва корхонаҳои зертобеи он бо хоҷагиҳои ҷумҳурӣ барои хариди 26, 5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ 137 шартнома ба имзо расонд. Дар оғози моҳи шарифи Рамазон нархи 1 килограм картошка то ба 2 сомонӣ боло рафта буд. Баъди сафарбар кардани роҳбарони бозорҳои шаҳр ба вилояти Суғд, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи марказ нархи картошка дар бозори «Деҳқон» ба 1 сомонию 15-45 дирам паст фаромад, ки он нисбати соли 2008-ум 10-15 дирам арзон аст.               Чанд бозор тобеи КВД «Бозорҳо ва савдо»-и шаҳри Душанбе аст?               Бозорҳои «Баракат», «Шоҳмансур», «Саховат», «Карияи Боло» «Деҳқон» ва бахшҳои дар Жилмассив, маҳаллаи 33 будаи онҳо тобеи корхона мебошанд.              Вазъи тозагии бозорҳо ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ аст?              Ҳар субҳ то оғози кор дар тамоми бозорҳо бо иштироки духтурони санитарию бойторӣ соати санитарӣ гузаронида мешавад. Нисбати ин масъала роҳбарияти корхона диққати махсус медиҳад. Инчунин, миқдори соатҳои санитарӣ зиёд карда шудааст.Дар давоми як моҳ дар мувофиқа бо Маркази санитарию эпидемиологии шаҳр ва Маркази бойторӣ дар тамоми бозорҳо рӯзи санитарӣ гузаронида мешавад.               Дар пеш фасли зимистон аст, барои захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?              Алҳол, бозорҳои «Баракат», «Деҳқон» ва «Саховат», анборҳои худро доранд ва барои захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ тайёранд. Дар ин бозорҳо захираи ангиштсанг, керосин, ҳезум ва маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пиёз ва картошка ба роҳ монда мешаванд. Соли гузашта корхона агар 1000 тонна пиёзу картошка захира карда бошад имсол ният дорем, ки ин навъи маҳсулотро ба миқдори 1200 тонна расонем. Инчунин, 1000 тонна ангиштсанг, 600 метри мураббаъ ҳезум ва 60 тонна керосин дар 5 бозорҳои тобеи корхона захира карда мешаванд.               Чӣ нақшаҳо дар пеш аст?               Ният дорем, ки дар ҳар як бозор шӯъбаҳои маҳсулоттайёркунӣ ташкил карда, нафаронеро барои кори мавсимӣ ҷалб карда, воридоти маҳсулотро зиёд намоем. Зеро яке аз сабабҳои паст намудани нархи маҳслуот зиёд ворид намудани он аст. Танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ 38 571 тонна маҳсулот ба бозорҳои тобеи корхона ворид карда шудааст, ки нисбати сол гузашта 1416 тонна зиёд аст.               Баланд гардидани нархи сӯзишворӣ ба боло рафтани нархи маҳсулот низ таъсир расонд, ин масъаларо чӣ гуна шарҳ медиҳед?               Агар нархи сӯзишворӣ боло намерафт нархи маҳсулот низ мутаносибан боз 5-10 % коҳиш меёфт. Новобаста ба баланд гардидани нархи сӯзишворӣ мо кӯшиш менамоем, ки нархи маҳсулотро дар бозорҳо нисбатан арзон ба роҳ монем.               Дар оянда теъдоди «Гӯшаҳои деҳқонон» афзоиш меёбад?               Тибқи қарори Раиси шаҳр дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт 90 адад «Гӯшаҳои деҳқонон» ташкил карда шуд. Дар оянда шумораи онҳо 24 адад зиёд карда шуда, ба 200 адад хоҳанд расид. 70 адади он ба тобеияти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» вогузор карда мешаванд. Нархи маҳсулот дар ин гӯшаҳо нисбатан арзон буда, онро худи деҳқон муайян менамояд.Ворид шудани деҳқонон ба ин гӯшаҳо бемамониат аст, яъне андоз намесупоранд ва барои ташхиси лабораторӣ озоданд.              Барои баланд бардоштани фарҳанги фурӯшандаҳо кадом корҳо ба анҷом расонида мешаванд?                Моҳи майи соли равон дар бозори Шоҳмансур нахустин семинар-машварати кормандони бозорҳои пойтахт дар партави иҷрои қарори Раиси шаҳр «Доир ба тақвият бахшидан ба фаъолияти бозорҳо» гузаронида шуд. Дар он тамоми роҳбарону намояндагони бозорҳои шаҳр новобаста аз шакли моликияташон иштирок карда, масъалаҳои тартиби кори лабораторӣ, санитарӣ, бойторӣ, фаъолияти нозирот, нозироти андоз ва дигар масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасониро баррасӣ карданд.              Бозорҳо таъмир карда мешаванд?              Албатта. Чанде пеш бозори «Саховат» ба маблағи 3 миллион сомонӣ таъмир карда шуд. Толори пӯшидаи бозори «Шоҳмансур» таъмир шуд. Лоиҳаи азнавсозии бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Баракат» омода карда шудааст, ки дар асоси нақшаи хароҷот корҳои сохтмонӣ сурат хоҳанд гирифт. Сайъ менамоем, ки симои бозорҳо хуштарҳу замонавӣ гардонида шуда, сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷон беҳтар ба роҳ монда шавад. Ният дорем, ки се рӯзи охири моҳи шарифи Рамазон бо мақсади пурнозу неъмат гардонидани дастархони идонаи сокинону меҳмонони пойтахт дар назди бозорҳои тобеи корхона фурӯши маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ монем.

Сентябрь 14, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид