АБӮҲАНИФА ВА ҲУҚУҚИ ИСЛОМӢ

Сентябрь 15, 2009 15:42

                 Душанбе, 15 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Баррасии масоили ҳуқуқи исломӣ дар таълимоти Имом Абӯҳанифа». Таҳти чунин унвон 15 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ конфронси илмӣ баргузор шуд. Ин чорабинӣ ба ифтихори бузургдошти 1310-солагии асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам ва 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.               — «Ҳадаф аз баргузории чунин силсилаконфронсҳо шиносоии ҷомеа бо зиндагинома, осору афкор ва андешаҳои Имоми Аъзам оид ба масоли ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносӣ аст», гуфт зимни ифтитоҳи конфронс директори Китобхонаи миллӣ Шариф Тошев. Дар конфронс олимону донишмандони тоҷик Имомқул Буриев, Файзалӣ Абдулхонов, Раҳмонқул Шарифов Муҳаммади Навид ва Шариф Тошев роҷеъ ба афкори сиёсию ҳуқуқии Абӯҳанифа, нақши Имоми Аъзам дар таҳррезии мактаби ақлонии ҳуқуқ, ҷойгоҳи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносӣ дар таълимоти Имом Абӯҳанифа, масоили додрасӣ аз нигоҳи Имоми Аъзам ва тафсир ва ҳуқуқи исломӣ дар таълимоти Имоми Аъзам ибрози назар карда, таълимот ва андешаҳои хирадмандонаи ин абармарди олами исломро дар ҷомаеи кунунӣ муассир арзёбӣ карданд.                   Дар анҷоми конфронс зери унвони «Сарчашмаҳо доир ба зиндагинома ва осори имоми Аъзам» намоиши китоб ва адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти Абӯҳанифа ташкил карда шуд.

Сентябрь 15, 2009 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд