АМАЛӢ ШУДАНИ ЛОИҲАҲО ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сарменеҷери лоиҳаи рушди истеҳсолоти кишоварзии Маркази ҷумҳуриявии дастгирии хусусии хоҷагиҳо Нарзимурод Холов, то 1 –уми августи соли 2009 дар ҷамоатҳои Ширинчашма, Шогадоев ва Лангари шоҳ –и ноҳияи Тоҷикобод аз рӯи 3 компонент 136 адад зерлоиҳаҳо мавриди амал қарор дода шуд. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, маблағи умумии зерлоиҳаҳо, ки мӯҳлати татбиқи он то соли 2011 пешбинӣ шудааст, 392 ҳазору 220 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии пешбинишуда 312 ҳазору 81 доллари он маблағҳои грантӣ мебошанд. Дар амалӣ шудани 136 зерлоиҳа 2201 хоҷагӣ ҷалб карда шудаанд, ки шумораи аҳолии ба шуғли меҳнатӣ фарогири он 13 ҳазору 787 нафарро дар бар мегирад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






