АМАЛАН ҶАМЪОВАРИИ 12 МЛН. СОМОНӢ НОМУМКИН АСТ

Сентябрь 25, 2009 10:55

                   Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Идораи обу корези шаҳри Душанбе барои мавсими тирамоҳ ва зимистони соли 2009 -2010 аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Душанбе корро оғоз кард. Дар ин муддат тамоми корҳои таъмиру тармими лӯлаҳои обинтиқолдиҳӣ пурра ба анҷом расиданд. Корҳо дар ҳавзи обтақсимкунии фишорӣ давом дода шуданд. Танҳо аз ҳавзи ба истилоҳ «БСР» беш аз 11 ҳазор метрикубӣ лою қум бароварда шуд. Дар давоми 4 моҳ дар ҳавзи мазкур 4 механизм бо 8 одам дар ду баст кор кард. Ин боис шуд, ки дар баъзе қисмати шаҳр оби хираи софнашуда истифода гардад.                   То имрӯз баъзе идораю корхонаҳо ва аҳолӣ аз идораи обу корез 12 млн. сомонӣ қарздоранд. Ҷамъоварии ин маблағ амалан номумкин аст. Таъмир ва назорати доимиии иншоотҳои обрасон маблағро талаб мекунад. Механизми ҷамъоварии маблағ низ ёфт шуд, аммо барои шинондани ҳисобкунакҳои обӣ маблағ зарур аст.                     Дар идораи обу корез 130 ҳазор муштарӣ ба қайд гирифта шудааст. Соли ҷорӣ танҳо ба 7 ҳазор оила ҳисобкунакҳои обӣ шинонда шуд. Дар сурати аз ҷониби донорҳо ва сарпарастон дастгирӣ намудани идораи обу корез мушкилоти ҷамъоварии саривқтии маблағи обистифодабарандагон роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.

Сентябрь 25, 2009 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад