БА ИСТИҚБОЛИ 110-СОЛАГИИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 11, 2009 15:13

                 Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нашриёти «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Шириншоҳ Шоҳтемур»-ро бо теъдоди 1000 нусха нашр кард.                  Китоби мазкур кӯшиши нахустин дар ҷамъоварӣ ва нашри тамоми асарҳои илмӣ, оммавӣ, ки солҳои гуногун аз ҷониби муаллифони гуногуни Тоҷикистон дар бораи ходими намоёни давлатӣ ва сиёсии шӯравӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон — Шириншоҳ Шоҳтемур чоп ва ё таҳия гардидаанд, дар шакли як маҷмӯаи том мебошад. Китоби «Шириншоҳ Шоҳтемур» бо саъй ва эҳтимоми журналист ва рӯзноманигри тоҷик, барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Қурбони Аламшоҳ ва таҳти назари доктори илми таърих Ҳайдаршоҳ Пирумшоев нашр шудааст. Муаллиф ҳамчун пажӯҳанда ва таҳқиқгари зиндагиномаи Шириншоҳ Шоҳтемур бештар аз бист сол аст, ки ба омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Шоҳтемур машғул буда, соли 1999 асари ҷолиберо дар бораи ин сиёсатмадори пурқудрати тоҷик бо унвони «Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам» нашр карда буд. Маҷмӯаи «Шириншоҳ Шоҳтемур» барои оммаи васеи муаррихон, олимон, донишҷӯён, шогирдони мактабҳо ва тамоми алоқамандони таърихи навтарини Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Китоб ба ифтихори 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ба табъ расидааст.

Сентябрь 11, 2009 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд