БАРҚИЯҲОИ ШОДБОШ БА УНВОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 8, 2009 20:04

               Ба муносибати таҷлили 18 — солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи сарони давлатҳои ҷаҳон ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ арбобони ҷамъиятӣ ва намояндагони аҳли ҷамъият ба унвони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияҳои шодбош мерасанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки президентҳои Федератсияи Русия Дмитрий Медведев, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао ба унвони Эмомалӣ Раҳмон барқияҳои шодбош фиристоданд.               Аз ҷумла, дар барқияи Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев гуфта мешавад:               «Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, табрикоти самимонаи маро ба муносибати фаро расидани Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.               Равобити анъанавии дӯстонаи Русия ва Тоҷикистон тӯли солҳои гузашта боз ҳам бештар густариш ёфтанд. Ҳамкории мутақобилан муфид ба мо имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳимтарини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳтар сохтани шароити зиндагии шаҳрвандони мамлакатҳоямонро ҳал намоем. Ин ба таҳкими амният ва суботи минтақа кӯмаки калон мерасонад.                Ин ҷониб таассуроти сафари ба қарибӣ ба шаҳри Душанбе суратгирифтаи худро бо камоли қаноатмандӣ ба хотир меорам. Мо ҳамроҳи Шумо дар бораи масъалаҳои муҳимтарини марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва проблемаҳои байналхалқӣ табодули озоди андеша намуда, роҳу усулҳои вусъат додани ҳамкории стратегии Русия ва Тоҷикистонро муайян сохтем. Ин барои омода сохтани сафари давлатии қарибулвуқӯи Шумо ба Русия заминаи хуб гардид. Боварӣ дорам, ки сафари Шумо ба Русия дар бобати рушди ҳамкории мамлакатҳоямон саҳифаҳои нав хоҳад кушод.              Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, саломатӣ, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва рӯзгори фараҳмандона орзумандам».              Дар барқияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов чунин омадааст:              «Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, Шумо ва халқи мамлакататонро ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлолият самимона табрик менамоям.              Маълум аст, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон борҳо аз имтиҳони таърих сарбаландона гузаштаанд. Боварӣ дорам, ки асоси муносибатҳои дӯстонаи моро принсипҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории мутақобилан муфид ташкил медиҳанд ва ин муносибатҳо минбаъд ба манфиати халқҳои мамлакатҳоямон густариш хоҳанд ёфт.              Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, аз фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо саломатии комил, барори кор ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».              Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар барқияи худ менависад:             «Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, табрикоти самимонаи маро ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.              Мусаллам аст, ки Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолияташ дар соҳаи ислоҳоти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ муваффақиятҳои калон ба даст овард.              Боварии комил дорам, ки муносибатҳои мутақобилан муфиди дӯстонаи мамлакатҳоямон дар заминаи боварӣ ба ҳамдигар ва ҳусни тафоҳум минбаъд ҳам ба манфиати халқҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон бештар аз пештар густариш хоҳанд ёфт.              Аз фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо ҷаноби Президент, саломатии комил, барори кор ва ба халқи бародари Тоҷикистон рӯзгори фараҳмандона ва сулҳу осоиш орзу менамоям».               Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар симои ӯ тамоми халқи тоҷикро ба муносибати 18 — солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, менависад, ки «ҳукумат ва халқи Тоҷикистон дар давоми 18 -соли охир барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими амният кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати рушди ризоияти байни миллатҳо ва пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ, вусъат додани равобити берунӣ тадбирҳои судбахш андешида, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт натиҷаҳои назаррас ба даст меоранд.       Ҷониби Чин аз ин дастовардҳои Шумо изҳори шодию масаррат менамояд.     Боварӣ дорам, ки ҳукумат ва халқи Тоҷикистон тахти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳаввулоти миллӣ ҳатман муваффақиятҳои нав ба даст хоҳанд овард.               Дар давоми 17 соли баъди муқаррар гардидани муносибатҳои дипломатии мамлакатҳоямон ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногун боз ҳам бештар ривоҷ ёфтанд. Боварию эътимоди сиёсии мамлакатҳоямон рӯз то рӯз вусъат меёбад, ҳамкории онҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва созмонҳои дигари байналхалқӣ торафт васеътар мегардад. Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин на танҳо ба ҳар ду мамлакат ва халқҳои онҳо муфид мебошад, ин муносибатҳо ба таҳкими сулҳу субот ва пешрафти минтақа мусоидат менамоянд. Ҷониби Чин тайёр аст, ҳамроҳи Тоҷикистон бо мақсади рушди муттасили муносибатҳои дуҷониба дар роҳи мустаҳкам намудани муносибатҳои тӯлонии ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстона ва густариши ҳамкории баробарҳуқуқ, ва мутақобилан муфид кӯшиш ба харҷ диҳад.               Хоҳони онам, ки Тоҷикистони бо мо дӯст боз ҳам ободу, шукуфотар гардад, ман ба халқи тоҷик сулҳу хушбахтӣ ва ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатӣ ва барори кор орзу менамоям».                Инчунин ба унвони сардори давлати Тоҷикистон аз номи Маликаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи дуюм, Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Австрия Хайнс Фишер, раиси Маҷлиси олии халқии Ҷумҳурии Халқии Демократии Куриё Ким Ен Нам, Шоҳи Таиланд Бҳимбол Абдулядот, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ва дигарон барқияҳои шодбош расиданд.               Вуруди барқияҳои шодбош ба унвони Президенти ҷумҳурй Эмомалӣ Раҳмон давом дорад.

Сентябрь 8, 2009 20:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид
Масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти «сабз» дар шароити саноатикунонӣ баррасӣ карда шуданд